расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Коронавирус иқтисоди Эронро "нафасгир" кардааст. ВИДЕО

Ҷомеа / Ҷаҳон

Коронавирус иқтисоди Эронро "нафасгир" кардааст. ВИДЕО

Як узви Шӯрои шаҳри Теҳрон мегӯяд, ки бемории COVID-19 дар пойтахти Эрон то кунун бештар аз 10 ҳазор нафарро куштааст.
Агар омори расмии мақомоти Эрон дуруст бошад, пас ними талафоти кишвар аз коронавируси нав дар Теҳрон аст. Ба гуфтаи онҳо аз COVID-19 дар Эрон 21 ҳазор нафар фавтидаанд, вале бисёриҳо ба ин омор шубҳа доранд ва мегӯянд, ки омори расмӣ миқёси воқеии пандемия дар Эронро нишон намедиҳад.
Айни замон тоҷирон дар Теҳрон дар бораи оқибатҳои бади беморӣ ба сиҳативу тиҷораташон мегӯянд. Ба гуфтаи онҳо, коронавирус иқтисоди Эронро "нафасгир" намуда, ҳоли бади иқтисодро бадтар кардааст. Дӯкондорон аз таъсири беморӣ ба сиҳативу тиҷораташонро сӯҳбат мекунанд.
Як тоҷир бидуни зикри номаш гуфт, ки бо вуҷуди риояи меъёрҳои беҳдоштӣ бемор шуд.
"Берун ҳам намеомадам, намедонам аз кӣ гирифтам. Ҳудуди як ҳафта нороҳатии танаффусӣ доштам, наздики як моҳ ҳам бадандард. Ҳанӯз ҳам асараш дар баданам ҳаст",-гуфт ӯ.
Дар Теҳрон хатари сирояти беморӣ бисёр зиёд аст, аммо бисёриҳо аз ночорӣ берун меоянд ва ба гуфтаи дукондорон фосилагирии ҷисмониро риоят намекунанд.
Аксарият ба омори расмии гирифторони коронавирус дар Эрон шубҳа мекунанд.
Сокинон мегӯянд, танҳо дар оромгоҳи "Биҳишти Зуҳро" рӯзона тақрибан 100 нафар дафн мешаванд ва зоҳиран аксарашон аз сирояти вирус фавтидаанд.
Шифохонаҳо дар қабули беморон мушкилӣ мекашанд, табибон аз норасоии васоили муҳофизатӣ шикоят доранд. Айни зам



Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.