расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Дар Тоҷикистон 13 ҳазор ширкат аз кор мондааст

Ҷомеа / Иқтисодиёт

Дар Тоҷикистон 13 ҳазор ширкат аз кор мондааст

Бино ба омори расмӣ, аз аввали имсол то ба ҳол дар Тоҷикистон фаъолияти беш аз 13 ҳазор тиҷорати хурду миёна қатъ шудааст. Сабаби асосиро мизони баланди молиёт ё андоз мегӯянд.
Дар моҳи июли имсол раиси Кумитаи андози Тоҷикистон қатъи фаъолияти соҳибкорони инфиродиро эътироф карда, вале ин вазъиятро "ба пандемияи коронавирус" рабт дода буд. Нусратулло Давлатзода гуфт, пардохти молиёт барои ним сол 5 миллиарду 259 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида буд, вале ҳамагӣ 4 миллирду 387 миллион ҷамъоварӣ карданд.
Шер Ҷӯрабоев, сокини шаҳри Душанбе, тиҷорати реклама, радио, сартарошхона ва фитнес-клуби худро дорад. Ӯ вақтҳои ахир чанд ширкати дигари худро баст, ё ба дигарон фурӯхт.
"Бале, андоз баъзан бераҳмӣ мекунад. Дар ин масъала коре аз дасти мо намеояд. Вале он на ба бозигарони алоҳидаи бозор, балки ба ҳамаи бозигарон дахл дорад, дастикам, ба соҳибкории хурду миёна. Ин фишори интихобӣ нест, воқеияти бозор аст ва бо он бояд муросо кард. Дар стратегия ва равишҳои худ бояд онро ба инобат гирифт", -- афзуд ӯ.
Ба гуфтаи Ҷӯрабоев, бештари ширкатҳои хурду миёна дар соли аввали фаъолияти худ ба иллати иштибоҳ дар умури идорӣ аз фаъолият мемонанд. Худи ӯ низ мегӯяд, агар тиҷорат даромад наораду коре карда нашавад, мефурӯшад ё мебандад.
Маркетолог ё бозоршинос Элмас Бархонова тасдиқ мекунад, ки тиҷорат дар Тоҷикистион “хеле беҳаракат шудааст”. Ба гуфтаи ӯ, соҳибкорони маҳаллӣ дар бештари маврид ба тағйироти бозор омода нестанд.
Вале коршинос Фаридун Ҳодизода мушкили асосии соҳибкориро дар Тоҷикистон андози баланд ва чизҳои марбут ба он меномад. Ба назари ӯ, маҳз ин омилҳо боис ба афзоиши фасодкорӣ мешаванд, “зеро соҳибкорро водор месозанд, ки роҳи гурез аз андозро ҷустуҷӯ кунад”.
"Якум, мизони андоз дар мо баланд аст. Дувум, кушодани ширкат хеле мушкил аст. Севум, санҷишҳо хеле зиёд ҳастанд. Тавре шунидам, ҳатто вақте кадом як таътили андозӣ ҳам эълом шавад, санҷишҳо идома меёбанд ва чаҳорум, бидуни шак – коррупсия", -- изҳор дошт Ҳодизода.
Ба назари коршинос, дар Тоҷикистон сиёсати андозбандӣ бояд пурра тағйир дода шавад. Дар ғайри сурат, буҳрон амиқтар хоҳад шуд. Мақомот мегӯянд, Кодекси нави андозро аллакай омода кардаанд, вале ба гуфтаи Ҳодизода, ҳукумат нақшаи дақиқи давлатии рушди соҳибкориро надорад ва Кодекси нав бидуни он хуб амал карда наметавонад.
Ба иттилои Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон соли гузашта аз нигоҳи осонии роҳандозии тиҷорат дар миёни 190 кишвар мақоми 183-юмро касб кардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.