расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Чаро Прокурори Генералии Тоҷикистон фавран ба ноҳияи Муъминобод рафт?

Ҷомеа / Ҳаводис

Чаро Прокурори Генералии Тоҷикистон фавран ба ноҳияи Муъминобод рафт?

Прокурори генералии Тоҷикистон ба як қатор фаъолони ноҳия, ки бо Фармони раисҷумҳури кишвар бо мукофотҳои давлдатӣ қадрдонӣ шудаанд, ин мукофотҳоро эъто намуд.
Бино бар иттилои Мақомоти ноҳияи Муъминобод ба муносибати 29-солагии ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод бо иштироки роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Тоҷикистон оид ба вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба 30-солагии ҷашни Истиқлолияти кишвар дар  ин ноҳия — Прокурори Генералии Тоҷикистон  Юсуф Раҳмон ва Раиси ноҳия Тоҳирхон Амиршозода маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Манбаъ таъкид доштааст, ки Юсуф Раҳмон сокинони ноҳияи Муъминободро бахшида ба ин санаи муборак табрик намуда, ҳозиринро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ даъват намуд.
Таъкид шудааст, ки Прокурори генералии Тоҷикистон аз номи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба як қатор фаъолони ноҳия, ки бо Фармони Президент бо мукофотҳои давлдатӣ қадрдонӣ шудаанд, ин мукофотҳоро эъто намуд.
Манбаъ қайд намудааст, ки аз ҷумла Юсуф Раҳмон, ба муовини Раиси ноҳия Лутфия Шарифзода ва раиси хоҷагии деҳқонии “Ғринг”, ки дар фаъолияти худ натиҷаҳои назаррас ба даст овардаанд, медали “Хизмати шоиста” супорида шуд.

Read more: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20200906/1031852170/Charo-Prokurori-Generalii-Tajikistan--favran-ba-nohiyai-Muminobod-raft.html

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.