расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » БОНГИ ИЗТИРОБИ САРДУХТУРИ СПИТАМЕН: АГАР ТО ПАГОҲ КИСЛОРОД НАЁБЕМ, 10 БЕМОР МЕМИРАД!

Ҷомеа / Ҳаводис

БОНГИ ИЗТИРОБИ САРДУХТУРИ СПИТАМЕН: АГАР ТО ПАГОҲ КИСЛОРОД НАЁБЕМ, 10 БЕМОР МЕМИРАД!

Сардухтури бемористони марказии ноҳияи Спитамен  дар як ҷаласа дар ҳукумати ин ноҳияи вилояти Суғд аз набуди дастгоҳҳои кислород дар беморхонаи ноҳиявӣ бонги изтироб зада, гуфтааст, ки агар то як рӯзи оянда ба таври оҷил дастгоҳҳои кислород пайдо накунем, 10 маризро аз даст хоҳем дод. Аз ҳамаи онҳое, ки имкони дастрас кардани чунин балонҳои кислородро доранд, хоҳиш мешавад, ки ёрии худро ба табибон ва маризон дар Спитамен дареғ надоранд.
Ин бонги изтироб дар ҳолест, ки бино ба омори расмии вазоратти тандурустӣ, дар як шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 33 ҳолати нави сирояти COVID-19 ва як фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст. Ба ин тартиб, шумори расмии гирифторони коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 5 сентябр ба 8757 маврид ва шумораи фавтидагон аз ин вирус ба 70 нафар расида, бино ба иттилои вазорат, 7549 (86,2%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтаанд.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.