расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Вазъи вобаста ба коронавируси нав дар Суғд. Омори беморон рӯ ба поин аст, ё ба боло?

. / Ҷомеа

Вазъи вобаста ба коронавируси нав дар Суғд. Омори беморон рӯ ба поин аст, ё ба боло?

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят ва раҳбари ситоди муқобила бо COVID-19 дар Суғд, мегӯяд, дар шифохонаҳои минтақа ҳамагӣ 23 мубталои коронавируси навро табобат мекунанд. Ин дар ҳолест, ки ҳафтаҳои ахир хабарҳои зидду нақиз дар бораи афзоиши гирифторони илтиҳоби шуш ва бемории монанд ба коронавирус дар вилояти Суғд ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Рӯзи 2-юми сентябр таваллудхонаи вилоятиро дар Хуҷанд ба “карантин” гирифтанд, чун дар онҷо гирифтории ду зани ҳомиларо ба бемории ҳамагир ошкор карданд.
"Вақте мурдам..."
Диловар, номи шартии як пизишк аз шаҳри Хуҷанд аст, ки мегӯяд, охири моҳи август бо ҳамсараш ба бемории COVID-19 мубтало шуданд. Ин пизишк намехоҳад, номи аслиаш зикр шавад, чун як дафъа барои суҳбат бо хабарнигорон “танбеҳ” гирифтааст.
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, вазъияти вобаста ба COVID-19 ҳафтаҳои ахир дар маркази вилояти Суғд нигаронкунанда шудааст ва ҳатто ӯву ҳамсарашро, ки самти корашон бо ин беморон набуд, гирифтор кард.
“Шаби 28-уми август ҳарорати баданам якбора то 40 дараҷа баланд шуд. Ҳамкасбон аз Русия хоҳиш карданд, ки ташхиси комюптерӣ карда, нусхаро фиристам. Он шаб дари ташхисгоҳи "Луқмони Ҳаким" баста буд. Ташхисгоҳи беморхонаҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ шабона кор намекунанд. Наход дар маркази вилоят шабона як томографияи давлатӣ ё шахсӣ кор накунад? Вақте мурдам, чӣ даркор таъзия навиштан, ки фалон табиби шинохта даргузашт?", -- нақл кард ӯ рӯзи 4-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
"Дар бораи тест умуман суҳбат кардан намешавад"
Ин пизишк мегӯяд, рӯзи дигар пас аз навбатпойии зиёд тавонист аз ташхис гузарад. Дар санадҳо бемории ӯро “илтиҳоби шуш” навиштаанд, ҳарчанд Диловар мегӯяд, ӯ аз рӯйи таъини ҳамкасбонаш дар Русия аз бемории COVID-19 табобат мегирад.
Мусоҳиби мо мегӯяд, “вазъи вобаста ба COVID-19 дар Хуҷанд хуб нест. Пушти дари ташхисгоҳҳо навбати зиёди одамон аст, нархаш ҳам гарон аст, то 350 сомонӣ. Зӯри ҳар кас намерасад, дар бораи тест умуман суҳбат кардан намешавад."
Дар ҳафтаҳои ахир хабарҳои зидду нақиз дар бораи афзоиши беморони монанд ба коронавируси нав дар Хуҷанд расонаӣ шуд. Изҳороти пайиҳами Идораи беҳдошт ё СЭС-и Хуҷанд, ҷаримаи чанде аз сокинон барои напӯшидани ниқоби тиббӣ ва расонаӣ шудани хабари марги чанд нафар бо нишонаҳои монанд ба COVID-19 нигарониҳоро бештар кардааст.
Идораи беҳдошти шаҳри Хуҷанд ҳафтаи гузашта бо нашри изҳороте гуфт, "рӯзҳои охир ҳолатҳои нави сироятёбӣ, бахусус бе нишонаҳои хос ошкоршавии беморӣ табибонро ба ташвиш овардааст. Сироятшиносон омили асосии онро дар риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ, бидуни ниқоб ба кӯча баромадан ва масофаро риоя накардан дар мавзеъҳои ҷамъиятӣ медонанд".
Изҳороти пайиҳам чаро?
Дар пайи он рӯзи 2-юми сентябр дафтари матбуоти шаҳрдори Хуҷанд бо нашри баёнияе аз мардум хост эҳтиёткор бошанд, чун "то ҳол тўйхонаву клубҳои шабона омили асосии паҳншавии беморӣ мемонад". Дар баёния рақами мушаххасе аз афзоиши беморӣ оварда нашуда, танҳо ишора шудааст, ки "таҳлилҳо собит менамоянд, афзоиши шумораи гирифторони коронавирус ва манбаъҳои нави хуруҷ аксар вақт бо ҷойҳои ҷамъшавии одамон вобаста мебошанд".
Масъулони дафтари матбуоти ҳукумати Хуҷанд мегӯянд, нашри изҳороти пайиҳам барои он аст, ки бо шурӯи соли нави таҳсил донишҷӯёни зиёд барои омӯзиш ба маркази вилоят омадаанд ва хатари гирифториро бештар кардаанд.
Омор рӯ ба поин аст?
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва роҳбари ситоди муқобила бо коронавирус дар шимоли Тоҷикистон, рӯзи дувуми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “омори ду рӯзи ахир нишон медиҳад, ки гирифторӣ ба COVID-19 рӯ ба коҳиш аст”.
Аҳмадзода афзуд, дар тамоми шифохонаҳои Суғд 23 гирифтори COVID-19 бистарианд, ки 16 нафарашон дар шаҳри Хуҷанд ҳастанд: "Тамоми шароитҳоро ҳукумати вилоят фароҳам овардааст ва табобат карда истодаем. Дар масъалаи тӯй ва азодорӣ ситод корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодааст, ки мардум эҳтиёт кунанд. Аллакай раванди коҳишёбӣ мушоҳида мешавад."
Раиси вилояти Суғд аз ин бештар шарҳ надод ва мансабдорони дигари вилоят ҳам намегӯянд, ки ҳамарӯза дар ин минтақа чанд ҳолати гирифторӣ ба COVID-19-ро ошкор мекунанд. Вазорати тандурустӣ омори умумии гирифторонро ҳамарӯза нашр мекунад, вале намегӯяд, ин гирифторӣ дар ҳар минтақаи кишвар чӣ гуна аст.
Худдории мақомот ва шубҳаи мардум
Дар ҳамин ҳол сомонаи “Ахбор.ком” бо такя ба манобеаш навишт, ки рӯзи 25-уми август танҳо дар ду беморхонаи шаҳри Хуҷанд 295 нафар бо гумони коронавирус таҳти табобат қарор дошта, шоми 24-уми август 3 нафар ва субҳи 25-уми август як нафар аз ин маризӣ ҷон бохтаанд. Мақомот то ҳол ин хабарро тасдиқ ё рад накардаанд.
Худдории мақомот аз пешниҳоди маълумоти пурра дар бораи шумори гирифторон ва вазъи беморӣ дар минтақаҳои кишвар суолҳои зиёдеро ба миён овардааст. Зимнан хабарҳои аввалин аз гирифтории эҳтимолии шаҳрвандон ба COVID-19 дар оғози моҳи апрел нахуст аз вилояти Суғд расонаӣ шуда буд.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ҳамарӯза дар кишвар камтар аз 40 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавируси сабт мешавад. То шоми 3-юми сентябр шумори умумии гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон ба 8690 нафар расида, 69 нафар ҳам аз ин беморӣ ҷон бохтаанд. 7482 нафар шифоё ёфтаанд.
Аммо созмонҳои ҷаҳонӣ гуфтаанд, кам будани теъдоди гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон ба хотири он аст, ки кишвар тавони гузарондани ташхисҳои бештарро надорад. Назаре, ки масъулини Вазорати тандурустӣ онро рад кардаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.