расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Дар Тоҷикистон дар як сол 13 ҳазор ширкат баста шудааст

. / Ҷомеа

Дар Тоҷикистон дар як сол 13 ҳазор ширкат баста шудааст


Акс аз бойгонӣ.

Бино ба омори расмӣ, аз аввали соли равон то ба ҳол дар Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор ширкати хурду миёна аз фаъолият боз мондааст.

Сабаби асосии коҳиши фаъолияти корӣ андози баланд гуфта мешавад. Ба иттилои Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон соли гузашта аз нигоҳи осонии роҳандозии тиҷорат дар миёни 190 кишвар мақоми 183-умро касб кардааст. Ин вазъро коронавирус мушкилтар кард.
Шер Ҷураев, сокини шаҳри Душанбе тиҷорати реклама, радио, сартарошхона ва фитнес-клуби худро дорад. Ӯ вақтҳои ахир чанд ширкати дигари худро баст ё фурӯхт.

"Бале, андоз баъзан бераҳмӣ мекунад. Дар ин масъала коре аз дасти мо намеояд. Вале он на ба бозигарони алоҳидаи бозор, балки ба ҳамаи бозигарон дахл дорад, дасти кам, ба соҳибкории хурду миёна. Ин фишори интихобӣ нест, воқеияти бозор аст ва бо он бояд муросо кард. Дар стратегия ва равишҳои худ бояд онро ба инобат гирифт", - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Шер, бештари ширкатҳои хурду миёна дар соли аввали фаъолияти худ ба иллати иштибоҳ дар умури идорӣ аз фаъолият боз мемонанд. Худи Шер низ мегӯяд, агар тиҷорат даромад наораду коре карда нашавад, онро мефурӯшад ё мебандад.

Маркетолог ё бозоршинос Элмас Бархонова тасдиқ мекунад, ки тиҷорат дар Тоҷикистион хеле беҳаракат аст. Ба гуфтаи ӯ, соҳибкорони маҳаллӣ дар бештари маврид ба тағйироти бозор омода нестанд.

Вале коршинос Фаридун Ҳодизода мушкили асосии соҳибкорӣ дар Тоҷикистонро андози баланд ва чизҳои марбут ба он меноманд. Ба назари ӯ, маҳз ин омилҳо боиси афзоиши фасодкорӣ мешаванд, зеро онҳо соҳибкорро водор месозанд, ки роҳи гурез аз андозро ҷустуҷӯ кунад.

"Якум, андоз дар мо баланд аст. Дувум, боз кардани ширкат хеле мушкил аст. Севум, санҷишҳо хеле зиёд ҳастанд. Тавре ман шунидам, ҳатто вақте кадом як таътили андозӣ ҳам эълом шавад, санҷишҳо идома меёбанд ва чаҳорум, бидуни шак коррупсия", - изҳор дошт Ҳодизода.

Ба назари коршинос, дар Тоҷикистон сиёсати андозбандӣ бояд комилан тағйир дода шавад. Дар ғайри сурат, буҳрон амиқтар хоҳад шуд. 

Мақомот мегӯянд, кодекси нави андозро аллакай омода кардаанд, вале ба гуфтаи Ҳодизода, ҳукумат нақшаи дақиқи давлатии рушди соҳибкориро надорад ва кодекси нав бидуни он амал карда наметавонад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.