расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Боздошти зодагони Тоҷикистон дар вилояти Маскав: фурӯшандаро кушта, мағозаро ғорат карданд

Ҷомеа / Муҳоҷир

Боздошти зодагони Тоҷикистон дар вилояти Маскав: фурӯшандаро кушта, мағозаро ғорат карданд

Ҷинояти пурсарусадо дар дурбинҳои назоратии дӯкон сабт шуд ва гумонбарон боздошт гардидаанд

Дар шаҳри Истраи вилояти Маскав ба дӯкони хӯроквории «Пятерочка» ҳамла сурат гирифта, як фурӯшанда кушта шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуотии Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия хабар медиҳад.

Ҳодиса шаби 9 феврал дар яке аз дӯконҳои деҳаи Новопетровскоеи Истраи вилояти Маскав рух додааст. Гуфта мешавад, ки пулис фавран ба ҷустуҷӯи ҷинояткорон шуруъ кардааст.

Ҳамлагарон хазинадорро кушта, ду касро латукӯб кардаанд. Чаҳор нафар аз гумонбаршудаҳо аллакай боздошт шуданд, ки ҳамаи онҳо тоҷикистонӣ гуфта мешаванд.

Ҳамаи ғоратгарон аз 19 то 24 сола мебошанд. Онҳоро аз деҳаи Чесноково пайдо кардаанд.

Сабти видеоҳои назоратӣ нишон медиҳанд, ки чӣ гуна афроди ниқобпӯш вориди супермаркет шуда, болои коргароне, ки дар мағозаанд, ҳамла мекунанд. Онҳо аз дастаи чӯбии табар барои тарс додани кормандони мағоза истифода карда, аз хазинадор ва мудири 51-сола пул талаб кардаанд.

Ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, хазинадор талош кардааст, муқовимат кунад, аммо ҷавонон болои ӯ ҳамла кардаанд. Зан дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Дар ҳамин ҳол директор ва шавҳари зан, ки назди ҳамсараш омада буд, кӯшиш карданд, ғоратгаронро боздошт намоянд, ки онҳо низ сахт маҷруҳ шудаанд ва ҳоло дар бемористон қарор доранд. Дар ниҳоят гуфта мешавад, ҷинояткорон бо 205 ҳазор рубл, ки аз сейф дуздида буданд, фирор карданд. Дар берун онҳоро шариконашон интизор будаанд.

Аз рӯи ин далел, мутобиқи моддаи ғоратгарӣ ва расонидани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Илова бар ин муфаттишон қонунӣ будани будубоши муҳоҷирони муттаҳам дар ин кор дар Русияро мавриди тафтиш қарор додаанд.

Додситонии вилояти Маскав низ тафтишоти парвандаи ҷиноии ин ҳамларо назорат карда, даст доштани онҳоро дар мавориди дигари ҷиноятҳои шабеҳи ғоратгарӣ тафтиш мекунад.


Cарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.