расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Дар Тоҷикистон ба кормандоне, ки ба корҳои дорои хусусияти сайёр ва усули вахтавӣ машғуланд, иловапулӣ пардохта мешавад

. / Ҷомеа

Дар Тоҷикистон ба кормандоне, ки ба корҳои дорои хусусияти сайёр ва усули вахтавӣ машғуланд, иловапулӣ пардохта мешавад


Минбаъд дар Тоҷикистон ба кормандоне, ки ба корҳои дорои хусусияти сайёр ва усули вахтавӣ дар сохтмон, саноати коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва металҳои қиматбаҳо,  ангишт, истеҳсоли барқ, коркард ва истеҳсоли нафту газ, алоқа, хоҷагии ҷангалу об, нақлиёти автомобилию  роҳи оҳан, роҳҳои мошингард ва иншооти он, корҳои кофтуковӣ, иктишофи геологӣ, топографӣ-геодезӣ ва харитасозӣ, экспедитсияҳои илмӣ, инчунин ҳамлу нақли нафту газ, корҳои доимӣ дар роҳ, кор берун аз ҷои истиқомати доимӣ ва корҳои дигари ҳаммонанд машғул мебошанд, иловапулӣ пардохт карда мешавад.Дар ин хусус Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2020 «Дар бораи шароит, тартиб ва андозаи пардохти иловапулӣ барои корҳои дорои хусусияти сайёр ва усули вахтавӣ» ба тасвиб расид.

Дар қарори мазкур омадааст, ки «иловапулӣ барои корҳои дорои хусусияти сайёр ба кормандон бо мақсади ҷуброни хароҷоти афзоянда вобаста  ба ҳар замон кӯчонидани ташкилот ё ҷудо будани кормандон аз ҷои зист муқаррар карда мешавад».

«Агар ба корманд берун аз макони истеҳсолӣ хонаи истиқоматӣ дода нашавад ва ӯ имкони ҳар рӯз  ба ҷои истиқоматии доимӣ баргаштан надошта бошад, хароҷоти кирояи манзил мувофиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҷуброни хароҷот ҳангоми сафари хизматӣ ҷуброн карда мешавад»,-омадааст дар санади мазкур.

Дар қарори зикршуда омадааст, ки «барои кори доимӣ дар роҳ иловапулӣ барои он коре муқаррар карда мешавад, ки  тибқи ҷадвалҳои махсус амалӣ мегардад ва вақти истироҳатии роҳи сафарро низ пешбинӣ менамояд».

Иловапулии мазкур ба кормандон дар ҷойи иҷрои кор пардохт карда мешавад. Иловапулӣ барои корҳое, ки дорои хусусияти сайёр ва усули вахтавӣ мебошанд, мумкин аст ба тариқи кортҳои бонкӣ пардохт карда шавад. Барои чунин хизматрасонӣ аз корманд маблағ ситонида намешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.