БОЗДОШТИ 66 НАФАР ДАР ПАЙИ ЗАНОЗАНИИ МУҲОҶИРОН ДАР ҶАНУБИ МАСКАВ

“Шоми шанбе дар гузаргоҳи Востряковский проезд занозании оммавӣ бо истифода аз силоҳи травматикӣ бо иштироки зоҳиран шаҳрвандони Тоҷикистон сурат гирифтааст. Дар муноқиша ҳудуди 15 нафар иҳтирок доштаанд. 66 нафарро бо гумони иштирок дар ин занозанӣ ба пулис овардаанд “, – хабар додааст ҳамсуҳбати ТАСС.
Дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми авбошӣ бо истифода аз силоҳ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Мақомоти пулис чанд нафарро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашонда, се нафарро дар робита ба парвандаи авбошӣ боздошт кардаанд.
Хадамоти матбуоти пулиси Маскав гуфт, муноқиша дар заминаи маишӣ сурат гирифтааст ва кормандони пулис ба ҷои ҳодиса расида, аз занозание, ки тоза авҷ мегирифт, пешгирӣ кардаанд.
Тобистони соли 2021 дар шаҳрҳои Русия як силсила занозаниҳои гуруҳӣ бо иштироки муҳоҷирон сурат гирифт. Дар пайи он занозаниҳо вазорати корҳои дохилии Русия муҳоҷиронро ҳушдор дод, ки минбаъд онҳоро барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла барои иштирок дар занозаниҳо бидуни ягон тараҳҳум депортатсия карда, аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум хоҳанд кард. Моҳи декабр пулиси Русия ҳисобот дод, ки алакай беш аз 400 муҳоҷири хориҷиро маҳз барои иштирокашон дар занозаниҳо аз ин кишвар ихроҷ кардаанд. Аксари ин муҳоҷирони ихроҷшударо ба муддати 40 сол аз ҳаққи бозгашт ба Русия маҳрум карданд.