расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Дар Маскав занозании оммавии муҳоҷирон сурат гирифт

Ҷомеа / Муҳоҷир

Дар Маскав занозании оммавии муҳоҷирон сурат гирифт

Мақомоти интизомӣ дар ҷойи ҳодиса беш аз 60 муҳоҷирро боздошт намуданд. Занозанӣ дар қисмати ҷанубии шаҳри Маскав сурат гирифт

Дар яке аз навоҳии ҷанубии шаҳри Маскав занозании оммавии муҳоҷирон ба вуқӯъ пайваст, хабар медиҳад ТАСС бо такя ба як манбаи ҳифзи ҳуқуқ.

Як гурӯҳ шаҳрвандони хориҷӣ, ки эҳтимол зодагони Тоҷикистон мебошанд, ба идораи пулис бурда шудаанд. Ҷамъан 66 нафар барои халалдор кардани тартиботи ҷамъиятӣ боздошт шуданд.

«Шаби гузашта дар гузаргоҳи Востряковский занозании оммавӣ ба вуқӯъ пайваст, ки эҳтимолан аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон бо истифода аз силоҳи травматикӣ сурат гирифтааст. Дар муноқиша ҳудуди 15 нафар ширкат кардаанд», — омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад, дар робита ба авбошӣ бо истифода аз силоҳ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар Русия теъдоди ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ афзоиш ёфтааст. Ҳамин тариқ, аз аввали соли 2021 муҳоҷирон 33,7 ҳазор ҷиноят содир кардаанд.

Вазорати умури дохилаи Русия мегӯяд, ҳолатҳои қонуншиканӣ дар муқоиса бо соли 2022 ҳудуди 6,3 дарсад афзоиш ёфтааст.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки ҷорӣ шудани кортҳои пластикӣ барои муҳоҷирон дар Русия имкон медиҳад, ки ҷиноятҳо зудтар тафтиш карда шаванд.

Ҳуҷҷати ягона барои хориҷиён чипи дорои маълумоти шахсӣ хоҳад буд — онҳо аз ҷумла хусусиятҳои биометрӣ, инчунин маълумот дар бораи мақоми шаҳрванди хориҷӣ, раводиди додашуда ва мӯҳлати амали онро дар бар мегиранд.


Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.