расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » 3 ТОБУТ АЗ ЯК ХОНА: ВИДЕОИ МАРОСИМИ ДАФНИ МУҲОҶИРБАЧАҲОИ ШАҲИД ДАР ВАХШ

Ҷомеа / Муҳоҷир / Ҳаводис

3 ТОБУТ АЗ ЯК ХОНА: ВИДЕОИ МАРОСИМИ ДАФНИ МУҲОҶИРБАЧАҲОИ ШАҲИД ДАР ВАХШ

Рӯзи 30 январ дар деҳаи Наврафтори ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Вахш Нуриддин Файзиддинов  ва ду бародарзодаи ӯ Қобилҷон ва Қосимҷон Файзиддиновҳоро ба хок супурданд. Амаку ҷиянҳояш ҳамроҳ бо се муҳоҷири дигари тоҷик шаби 26 январ дар вилояти Волгогради Русия бар асари заҳролуд шудан аз дуди як бензогенератор ба ҳалокат расиданд. Ҷанозаҳои ин 6 муҳоҷири шаҳидро субҳи 30 январ аз Русия оварданд.
Дар видеое, ки ба дасти идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” расид, дида мешавад, ки як марди рӯҳонӣ аз пеш наздикони се муҳоҷири шаҳидро дар деҳаи Наврафтор насиҳат мекунад, ки гиряву нолаи зиёд накунанд, вагарна тобутҳоро ба хона надароварда, рост ба қабристон мебаранд.
Мардум розӣ мешавад, вале вақте се тобутро паи ҳам вориди ҳавлӣ мекунанд, доду ғиреви наздикони онҳо ба фалак мепечад. Магар метавон сӯзиши чунин фоҷиаи талхро дар даруни сина пинҳон кард ва нола накард?
Дар фоҷиаи шаби 26 январ дар ноҳияи Среднеахтубински вилояти Волгоград инҳо ҷон бохтанд:
1,2,3. Бародарон  Файзиддиновҳо: Қобилҷон (санаи таваллудаш 13 марти соли 2001), ва Қосимҷон (4 июли соли 2002), ҳамчунин амаки онҳо Нуриддин Файзиддинов (4 марти соли 1985), ҳарсе сокини деҳаи Наврафтори ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Вахш.
4. Кабутов Саидакрам Ҳусниддинович (санаи таваллуд: 17 феврали соли 2000), сокини деҳаи Пахтаободи ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш.
5. Саломов Идибек Мирзохӯҷаевич (санаи таваллуд: 4 апреля 1992 г.р.), қаблан дар ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Ҷайҳун зиндагӣ мекард.
6. Муҳаммадҷон Раҳмоналӣ (санаи таваллуд: 7 феврали соли 2000), сокини ноҳияи Ҳамадонӣ.
Ҷасадҳои ин 6 корманди хоҷагии фермерии “Ростотский” субҳи 26 январ дар дохили гармхонаи марбут ба ин хоҷагӣ дар деҳаи Рахино пайдо карданд. Гуфта мешавад, онҳо бар асари шабона аз кор баромадани генератори гармидиҳанда аз дуди он заҳролуд шудаанд. Бино ба хулосаи тафтишот, ин генератор, ки бо бензин кор мекард, бо нақзи қоидаҳои бехатарӣ гузошта шуда буд ва дудаш ба дохили гармхона мерафт.
 Дар робита ба марги ин 6 муҳоҷири тоҷик мақомоти тафтишотии вилояти Волгоград  бар асоси қисми себми моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми аз беэҳтиётӣ ба ҳалокат расондани беш аз ду нафар парвандаи ҷиноӣ оғоз кардаанд. Ин банди қонун ҳамчун ҷазо то 4 соли зиндон, маҳдуд кардани озодӣ ваё корҳои ислоҳӣ ба ҳамин муддатро пешбинӣ мекунад.
Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон бо мақсади таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба Русия ба мардикорӣ мераванд. Ва ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба иллатҳои гуногун тарки ин дунё мекунанд. Фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист (сӯхтор, таркиш ва ғ.) яке аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба шумор меравад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.