расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ҶАСАДИ ТАКСИРОНИ ТОҶИКРО БО ГУЛӮИ БУРИДА ДАР ФУРУДГОҲИ ПЕТЕРБУРГ ЁФТАНД

Ҷомеа / Муҳоҷир / Ҳаводис

ҶАСАДИ ТАКСИРОНИ ТОҶИКРО БО ГУЛӮИ БУРИДА ДАР ФУРУДГОҲИ ПЕТЕРБУРГ ЁФТАНД

Расонаҳои русӣ хабар доданд, ки шаби 23 ба 24 январ ҷасади як шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистонро бо гулӯи бурида дар дохили мошини тамғаи “Фолксваген Поло” дар нишебии пандуми фурудгоҳи Пулковои шаҳри Санкт- Петербурги Русия пайдо кардаанд.
Ҷасадро дар курсии ронанда пайдо кардаанд. Мошин, ки ба яке аз ширкатҳои таксии Петербург тааллуқ дошт, дар назди баромад аз пандуси фурудгоҳ меистод. Ташхис дар бадани ронандаи кушташуда захмҳои зиёди кордро пайдо кардааст. Бино ба иттилои манобеи наздик ба тафтишот, афроди ношинос ҷабрдидаро ба ноҳияи сар ва қафаси синааш бо корд ё теғи тез зарбаҳои зиёд зада, сипас гулӯи ӯро буридаанд. Кормандони пулис аз дохили мошин як кордро ҳам пайдо карданд, ки бовар меравад, барои куштани ронанда аз он истифода шудааст.
Бино ба маълумоти бадастомада, ронандаи кушташуда ҳамагӣ чанд ҳафта пеш  – дар охири моҳи декабри соли 2021 бо мақсади кор ба Русия омада, алакай патент гирифта буд, вале худро ҳанӯз дар идораи муҳоҷират сабти ном накарда буд.
Видеокамераҳои назоратӣ, ки дар фурудгоҳи Пулково тақрибан сари ҳар қадам гузошта шудаанд,  лаҳзаеро сабт кардаанд, ки чӣ гуна ба мошини “Фолксваген Поло”  чор нафар савор шуданд. Баъди чанде ду нафари онҳо аз мошин фаромаданд ва мошин ҳаракаташро ба сӯи нишебӣ аз пандус шурӯъ кардааст. Бар асоси фарзияҳои аввалия, гумон меравад, ки шаҳрванди Тоҷикистон дар Петербург таксиронӣ мекард ва шабона муштариёнашро то фурудгоҳ овардааст, вале ба кадом сабаби ҳанӯз номаълуме шояд байни онҳо дар дохили мошин муноқиша сурат гирифта, бо одамкушӣ анҷом ёфтааст.
Кумитаи тафтишоти Русия дар робита ба ин қазия бар асоси қисми якуми моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодааст. Дар хадамоти матбуоти пулиси Петербург гуфтаанд, ки қотилони муҳоҷири тоҷикро таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд. Тавре ба назар мерасад, видеокамераҳои назоратӣ зоҳиран чеҳраҳои онҳоро низ сабт кардаанд.
Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон бо мақсади таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба Русия ба мардикорӣ мераванд. Ва ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба иллатҳои гуногун тарки ин дунё мекунанд. Садамаҳои нақлиётӣ дар баробари фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист (сӯхтор, таркиш ва ғ.) яке аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба шумор меравад. Вале ҳар сол даҳҳо нафар аз зодагони Тоҷикистон дар Русия қурбони марги маҷбурӣ, яъне куштор ҳам мешаванд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.