расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Ҳушдор ба тоҷикистониён аз барфрезии шадиду тармафароӣ ва сангрезӣ

. / Ҷомеа

Ҳушдор ба тоҷикистониён аз барфрезии шадиду тармафароӣ ва сангрезӣ

Дар Тоҷикистон давоми ду рӯзи оянда барфрезии шадиду хатари тармафароӣ пешгӯӣ мешавад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар такя ба иттилои Агентии ҳавосанҷии кишвар хабар додааст, ки то 22-уми январ ҳаво боронӣ боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии кишвар барфи шадид меборад,

Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 21 — 22 январ дар баъзе ҷойҳо туман дар назар дошта шудааст.

Дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, қисмати ғарбии ВМКБ ва дар роҳҳои мошингарди Душанбе — Варзоб — Айнӣ — Хуҷанд, Ваҳдат — Рашт — Тоҷикобод — Лахш, Душанбе-Сангвор, Ш. Шоҳин-Дарвоз, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мемонад.

Ин ниҳод, ҳушдор медиҳад, ки аз сабаби барфи зиёд ва боди сахт эҳтимоли канда шудани сими интиқоли барқ дар минтақаҳо вуҷуд дорад, дар кӯҳҳо ва роҳҳои кӯҳӣ ҳолатҳое назири барфтӯда, яхбандӣ ва ғайра ба вуҷуд меояд, ки ин ҳаракати мошинҳоро ба ҳар самт душвор мекунад.

Ҳамчунин аз барфи зиёд ва боди сахт шикастани шоху танаи дарахтон ва симчӯбҳои сустниҳоди рекломҳо имкон дорад, ки ин ҳама метавонад ба ҷони инсонҳо ва равуои мошинҳо хатар эҷод кунад.

КҲФ аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар дархост кардааст, ки дар ин гуна рӯзҳо аз равуои безарурат худдорӣ намоянд.

«Рафтан ба кӯҳу доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум, ширкоргоҳ ва чоравочаронӣ низ бехатар нест. Хонаҳоро гарм нигоҳ доред, аз асбобҳои барқӣ дуруст истифода кунед ва нагузоред, ки онҳо сабаби сӯхтор шаванд», — таъкид кардааст ин нищод.

Ба ронандагон тавсия дода шудааст, ки бо омодагь ба роҳ бароянд ва ба хотирӣ таъмини амнияти худу ҳамсафаронашон ҳаргиз суръати ҳаракатро боло набаранд


Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.