расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » БОЗДОШТИ ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТЮМЕН: ГӮЁ БА “ТЕРРОРИСТҲО” ПУЛ ФИРИСТОДАСТ (2 ВИДЕО)

Ҷомеа / Муҳоҷир

БОЗДОШТИ ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТЮМЕН: ГӮЁ БА “ТЕРРОРИСТҲО” ПУЛ ФИРИСТОДАСТ (2 ВИДЕО)

Кормандони ФСБ Русия дар вилояти Тюмен як шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистонро бо иттиҳом ба созмони мамнӯи террористии “Ҳайъат Таҳрир Аш-Шом” фиристодани 5 ҳазор рубл боздошт кардаанд. Додгоҳи олии Русия ин гуруҳро, ки асосан дар Сурия амал мекунад, 20 июли соли 2020  ба рӯйхатти созмонҳои мамнӯи террористӣ шомил кардааст.
ФСБ мегӯяд, шаҳрванди боздоштҳшудаи Тоҷикистон, соли таваллудаш 1996, ба номи “Фаррух Шомил” ном нафаре, ки ФСБ ӯро узви созмони террористии “Ҳайъат Таҳрир Аш-Шом“ мешуморад 5 ҳазор рубл фиристодааст, то ки онҳо тавонанд мотосикл ва силоҳ бихаранд.
Дар видеое, ки ФСБ нашр кард, шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон бо як садои тарсхӯрда мегӯяд: “Ман эътироф мекунам, ки хато кардам. Маро бубахшед, дигар такрор намешавад.” Маълум нест, ки ин эътирофи гуноҳи шаҳрванди Тоҷикистон дар чӣ шароит сабт шудааст.
Рӯзи 17 январ бахши тафтишоти ФСБ вилояти Тюмен ба зидди ин шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси қисми 1.1 моддаи 205.1 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми маблағгузории терроризм парвандаи ҷиноятӣ кушод. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.
Дар солҳои охир даҳҳо тан аз муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла зодагони Тоҷикистон дар Русия бо иттиҳоми даст доштан дар фаъолиятҳои террористӣ боздошту зиндонӣ ва чанд нафараш ҳатто ҳангоми боздошт аз ҷониби кормандони ФСБ кушта шуданд. Наздикони бархеи онҳо ва ҳамчунин ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки мақомоти амниятии Русия дар бисёр маврид пои муҳоҷирони беҳуқуқро беасос бо далелҳои бофтаю сохта бо мақсади болотар нишон додани натиҷаҳои бадастовардаи худ дар мубориза бо терроризм ба чунин парвандаҳо мечаспонанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.