расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ДАР ҶАРАЁНИ ЭЪТИРОЗҲОИ ҚАЗОҚИСТОН ДАСТИКАМ 225 КАС КУШТА ШУДАНД

Ҷомеа / Ҳаводис / Ҷаҳон

ДАР ҶАРАЁНИ ЭЪТИРОЗҲОИ ҚАЗОҚИСТОН ДАСТИКАМ 225 КАС КУШТА ШУДАНД

Додситонии кулли Қазоқистон гуфт, дар ҷараёни эътирозҳои аввали моҳи январ дар ин кишвар дастикам 225 нафар, аҳ ҷумла 19 корманди мақомоти қудратӣ, кушта шуданд.
Намояндаи Додситонии кул Серик Шалабаев рӯзи 15 январ дар як нишасти хабарӣ гуфт: “То имрӯз исми 4578 ҷабрдида муайян карда шудааст. Аз ин шумор 4353 нафар, аз ҷумла 3393 корманди мақомоти қудратӣ ҷароҳат бардоштаанд. Дар давоми вазъи фавқулодда ба мурдахонаҳо ҷасадҳои 225 нафари кушташударо овардаанд. Як қисми онҳо ҷинояткорони мусаллаҳе буданд, ки дар амалҳои террористӣ иштирок карда, ба идораҳои давлатӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамла мекарданд. Дар байни кушташудаҳо 19 корманди пулис ва ҳарбиҳо низ ҳастам. Мутаассифона, як шумор аз сокинони осоишта низ қурбони ин амалҳои террористӣ шуданд.”
Шалабаев афзуд, ки ин рақамҳо муқаддамотӣ аст ва метавонанд иваз шаванд. Ӯ мегӯяд, мақомот ва ҳарбиён танҳо баъд аз он ки рӯзи 6 январ Шӯрои амният дар саросари кишвар амалиёти зиддитеррористӣ эълон кард, даст ба истифодаи силоҳи оташфишон бурдаанд.
Сухангӯи вазорати тандурусти Қазоқистон Асал Артакшинова хабар дод, ки 170 нафар аз 22 нафари кушташуда дар бемористонҳо вафот кардаанд.
Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон аз боздошти қариб 10 ҳазор нафар дар пайи нооромиҳои аввали моҳи январ хабар додааст. Додситонии кул гуфт, дар робита ба ин ҳодисаҳои 546 парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд, аз ҷумла 44 парвандаи марбут ба терроризм, 34 парвандаи марбут ба бетартибиҳои оммавӣ ва 15 парванда бо иттиҳоми одамкушӣ.
Ёдовар мешавем, эътирозҳо дар Қазоқистон рӯзи 2 январ дар пайи ду маротиба боло бурдани нархи гази моеъ дар Жанаозен ва Оқтау оғоз ёфта, алакай рӯзе баъд дигар манотиқи ин кишварро фаро гирифтанд.
Рӯзи 5 январ дар пасманзари эътирозҳо ҳукумати Қазоқистон пурра ба истеъфо рафт. Вале эътирозҳо бас нашуд ва шоми 5 январ президенти кунунии Қазоқистон ҚосимЖомарт Тоқаев дар саросари кишвар вазъи фавқулодда ҷорӣ карда, эътирозҳоро “ҳамла аз берун” ва кори дасти “дастаҳои террористон” номид ва аз созмони ОДКБ кумаки ҳарбӣ хост. Алакай рӯзҳои 6-7 январ  кишварҳои узви ОДКБ ба Қазоқистон ҳудуди 4 ҳазор аскар фиристоданд.
Вале мақомоти Қазоқистон то кунун ягон далели “ҳамлаи хориҷӣ” ба ин кишвар ва даст доштани “террористон” дар эътирозҳои ахирро пешкаш карда натавонистаанд.
Бисёриҳо ҳаводиси ахирро мубориза барои тақсими қудрат дар арши сиёсии Қазоқистон меноманд, ки дар натиҷаи он президенти кунунӣ Тоқаев, ки то ҳол дар саҳна нақши намоишии  “генерали тӯйгард” дошт, тавонист тарафдорони президенти қаблӣ Нурсултон Назарбоевро аз саҳна танг ва ҷои пои худро мустаҳкам кунад.
Аз ҷумла рӯзи 14 январ Димаш Досанов ва Кайрат Шарипбаев – ду домоди Назарбоевро дар як рӯз аз раҳбари ду ширкати бузурги соҳаи нафту гази ин кишвар –  “Қазоқгаз” ва “ҚазТрансОйл”  –  барканор карданд. Тоқаев ҳамчунин яке аз ёрони наздики Назарбоевро аз мақоми раиси Кумитаи амнияти миллӣ барканор карда, ҳамроҳи муовинонаш бо иттиҳоми хиёнат ба давлат ва кӯшиши ғасби ҳукумат ба ҳабс кашид.
Тоқаев ҳоло дар суханрониҳояш кӯшиш мекунад, номи расмии пойтахтро, ки ба шарафи Назарбоев бо ташаббуси худи Тоқаев Нур-Султон номаш карда буданд, ба забон наорад ва ба ҷои он танҳо бо вожаи “пойтахт” ё ибораи “пойтахти кишвар” иктифо мекунад. Ба болои ин, Тоқаев рӯзи 11 январ Назарбоевро гунаҳкор кард, ки дар даврони ӯ “фақат як гуруҳ” сарватманд шуд.
Хабаргузории “Фарғона” чанде пеш хабар дод, ки посбонии атрофи қароргоҳи Назарбоевро дар пойтахти Қазоқистон аз аввалҳои моҳи январ қатъ кардаанд.
Худи Назарбоев аз 28 декабр ба ин тараф дар мазҳари ом ягон бор зоҳир нашудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.