расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » СОАТИ СЕИ ШАБ! ДАР ШАҲРИ МАРДУМ! ЗАНОЗАНИИ ҶАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ПЕТЕРБУРГ (ВИДЕО)

Ҷомеа / Муҳоҷир

СОАТИ СЕИ ШАБ! ДАР ШАҲРИ МАРДУМ! ЗАНОЗАНИИ ҶАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ПЕТЕРБУРГ (ВИДЕО)

Телеграм-канали «Мегаполис | Санкт-Петербург | Питер |»  видеои лаҳзаи занозании ду гуруҳи ҷавонони зодаи Тоҷикистон дар маркази шаҳри Санкт-Петербурги Русияро нашр кард.  Ин занозанӣ дар соҳили Фонтанка дар назди майдони Семёновская байни шабу субҳи шанбе, 15 январ, соати 3:25 рух додааст. Дар видео дида мешавад, ки иштироккунандагони занозанӣ чунон масти лояқиланд, ки якеаш дар ҳамон ҳавои сарду пурбарфи Петербург тамоми либосашро кашида,  бо як майкаи таҳпӯш гашту гузор дорад. Занозанӣ бо он анҷом меёбад, ки як нафар бо мошини сиёҳи шишаи қафояш шикаста бо шаст ду нафар аз тарафи муқобилро пахш мекунад…

Пулиси Петербург хабар дод, ки субҳи шанбе, 15 январ, соати 3:25 дар соҳили Фонтанка, дар назди бинои №94 занозанӣ рӯй дода, дар анҷоми он як ронанда бо мошини «Ҳёндэ Солярис» якеи дигарро пахш карда, сипас аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Дигар иштирокчиёни занозанӣ низ “ба самти номаълум” ғайб задаанд.
Матлабҳои марбут
Бино ба иттилоии манобеи нашрияи “Фонтанка”, баъди чанде табибон аз бемористони Мариинская  ба пулис хабар додаанд, ки ду шаҳрванди 29 ва 23-сола аз яке аз ҷумҳуриҳои осиёи Миёнаро бистарӣ кардаанд. Яке аз онҳоро, ки аз сараш ва биниаш ҷароҳат бардошта буд, баъди дору кардани захмҳояш ҷавоб додаанд, вале ҷавони 23-соларо, ки  косахонаи сараш  осеб дида, мағзи сараш ҷунбида буд, бистарӣ кардаанд.
“Фонтанка” хабар дод, ки ин ду ҷавон ҳарду аз Тоҷикистон буда, моҳи июн ба Петербург омадаанд ва дар кӯчаи Гороховая, 55 зиндагӣ доштанд, вале дар ягон ҷо кор намекардаанд. Бино ба иттилои нашрия, ронандае, ки онҳоро пахш кард, низ ҳамватани худашон будааст. Ронандаро, ки 20 сол дорад, алакай соати 4:10 дар ҳамон кӯчаи Гороховая, 55 дастгир кардаанд.
Бовар меравад, ки маҳз ӯ савори «Ҳёндэ Солярис» буд ва як нафарро пахш кард.  Кормандони пулис ӯро ба шуъба оварда, нисбаташ бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Русия протокол тартиб додаанд. Ин ҷавон дар Петербург сабти ном надоштааст ва ба эҳтимоли ғолиб, акнун вайро ба Тоҷикистон ихроҷ хоҳанд кард. Албатта, агар ба зиндон наафтад. Пулиси Петербург гуфт, масъалаи кушодани парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба занозании шабона дар соҳили Фонтанка дар дасти баррасӣ қарор дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.