расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Козлова: Риш монед, саратон намешавед!

Ҷомеа / Ҳаводис

Козлова: Риш монед, саратон намешавед!

Пизишки дерматовенерологи дараҷаи олӣ, номзади илмҳои тиб Наталя Козлова бар ин бовар аст, ки гузоштани риш ба ҳифзи саломатии инсон кӯмак мекунад. Козлова дар ин бора дар мусоҳиба бо рӯзномаи «Аргументы и факты» хабар додааст. «Дар ҳақиқат, риш танҳо як унсури услуб ё арҷгузорӣ ба мӯд нест. Он, аз ҷумла, хосиятҳои ба пӯст судманд буданро низ дорад», — афзудааст мутахассиси рус.
Ба изҳори ӯ, риш қоблияти нигоҳ доштани равғанҳои табиӣ дар пӯстро дорад, ки дар натиҷа пӯст пайваста тар ва мулоим хоҳад буд.
Гузашта аз ин, риш пӯсти рӯйро аз таъсири нурҳои ултрабунафш, аз ҷумла аз саратон муҳофизат мекунад.
Фоидаи дигар он аст, ки риш аксуламалҳои аллергияро коҳиш медиҳад. Яъне, мӯи рӯй ҳамчун як филтр амал мекунад, ки вуруди ангезандаҳоро бевосита аз муҳити беруна пешгирӣ мекунад.
Духтур таъкид кард, ки тоза нигоҳ доштани риш муҳим аст, вагарна он макони парвариши бактерияҳо мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.