расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ҲУКМИ ДОДГОҲ БАРОМАД: ЧОРШАНБЕ ЧОРШАНБИЕВРО АЗ РУСИЯ БЕРУН КАРДАНД (ВИДЕО)

Ҷомеа / Муҳоҷир

ҲУКМИ ДОДГОҲ БАРОМАД: ЧОРШАНБЕ ЧОРШАНБИЕВРО АЗ РУСИЯ БЕРУН КАРДАНД (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Останкинои шаҳри Маскав рӯзи 6 декабр ҳукми  маҷбуран аз Русия берун кардан (выдворение)-и размандаи маъруфи ММА аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон Чоршанбе Чоршанбиевро баровард. Додгоҳ варзишгари зодаи Бадахшонро бар асоси қсими 3.1 моддаи 18.8 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия дар вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Русия гунаҳкор шинохт ва  5 ҳазор рубл ҷарима ҳам баст.
Бо қарори додгоҳ, Чоршанбе Чоршанбиевро бояд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то марзи Русия бурда, маҷбуран аз қаламрави ин кишвар берун кунанд. То замони иҷрои ин ҳукм, яъне то берун карданаш аз Русия, Чоршанбе Чоршанбиевро дар боздоштгоҳи муҳоҷирони рӯ ба ихроҷ (спетсприёмник) нигоҳ хоҳанд дошт.
Дар сабти видеоӣ аз додгоҳи Останкино дида мешавад, ки Чоршанбе Чоршанбиев  ҳукми аз Русия берун карданашро бо сари баланд қабул кард ва ба қавли маъруф, ҳатто мижааш хам нахӯрд.


“Дар ҷараёни мониторинги Интернет мо видеоҳоеро пайдо кардем, ки як ронанда бо мошини “Тойота Камри” ҳангоми ҳаракат дар нақби Лефортовл  чандин бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон карда, ба ҳаёт ва саломатии ронандагони дигар хатар эҷод мекунад. Шахсият ва макони будубоши ин ронанда муайян карда шуд. Ӯ дар километри 92-юми тарафи берунии МКАД (роҳи ҳалқаии атрофи Маскав) дастгир гардида, барои расидагии минбаъда ба шуъбаи ГИБДД дар ҳавзаи Ҷанубу Шарқӣ дастрас карда “,
“Ягон кас. Ман бисёр вақт худам худамро ба як корҳое таҳрик медиҳам ки…”

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.