расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ҲАБСИ БОЗ ЯК ФАРЗАНД БАРОИ ТАҲҚИРУ ОЗОРИ МОДАРАШ ДАР ПОЙТАХТ (2 АКС)

Ҷомеа / Ҳаводис

ҲАБСИ БОЗ ЯК ФАРЗАНД БАРОИ ТАҲҚИРУ ОЗОРИ МОДАРАШ ДАР ПОЙТАХТ (2 АКС)

Маркази матбуоти РВКД Душанбе рӯзи 3 декабр аз ҳабс шудани боз як сокини пойтахт барои таҳқиру озори модараш хабар дод. Ин алакай дуюмин мавриди ҳабси фарзандон дар Душанбе барои таҳқиру озори модаронашон дар як ҳафтаи охир аст.
Ахиран як зани солхӯрдаи сокини кӯчаи Абай ба мақомоти милитсия шикоят кардааст, ки писари 46-солааш доимо ӯро мавриди дашному ҳақорат қарор дода, бо ҳар баҳона гиребони модарро мегирад ва ӯ пайваста аз дасти фарзандаш озор мебинад.
 Мақомот фарзанди ин зан Муминов Фурқат Неъматович, санаи таваллудаш 17.04.1975, падари 3 фарзандро боздошт кардаанд ва ӯ, бино ба иттилои мақомоти милится ,  ҳангоми пурсиш “дар содир намудани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ худиқрорӣ намуд.”
Маълум шудааст, ки Фурқат Муминов қаблан ҳам ду маротиба барои таҳқиру озор ва дашноми модараш ба ҳабси маъмурӣ маҳкум шудааст. Ин дафъа нисбат ба ӯ барои таҳқиру озори модараш дар ҷои ҷамъиятӣ тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб додаанд ва бо қарори додгоҳ Фурқат Муминов ба 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шудааст.
“Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯзаи мо нафароне ёфт мешаванд, ки ин ҳама бузургӣ ва мақому манзалати волои МОДАР, заҳмату шабзиндадориҳо ва рафтори неку пурмуҳаббаташро нодида гирифта, модари хешро мавриди таҳқир ва дашному ҳақорат қарор медиҳанд. Аламовар он аст, ки ин кирдорҳои ғайриахлоқиро баъзе аз фарзандони беномус дар байни аҳли ҷомеа ва хешовандону ҳамсоягон анҷом медиҳанд”,  – изҳори таассуф кардааст маркази матбуоти РВКД Душанбе. Ин ниҳод меафзояд: “Ҳадафи асосии таҳияи чунин маводҳо таҳқири шахсияти ҳуқуқвайронкунандагон набуда, роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт бо ин васила мехоҳад пеши роҳи кирдорҳои ғайриахлоқиву ғайриқонунии шаҳрвандон гирифта шуда, маърифат ва адолати ҳуқуқӣ, фазои солими хонаводагию оиладорӣ дар байни тамоми табақаҳои ҷомеа таъмин карда шавад.
Муминов Фуркат
Ёдовар мешавем, тоза ҳафтаи гузашта додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур Нозимов Тоҳир Содиқович, санаи таваллудаш 01. 01. 2001,  сокини маҳаллаи Теппаҳои Шарқии шаҳри Душанберо бар асоси моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон дар майдаавбошӣ гунаҳкор дониста, ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кард. Маркази матбуоти РВКД Душанбе гуфт, ин ҷавон ҳам барои таҳқиру озори модараш ҷазо дода шуд.
“Ҳурмату эҳтироми волидайн қарзи фарзандиву инсонии ҳар як нафар мебошад. Вале боиси таассуфи бузург аст, ки баъзе аз фарзандон ба қадри заҳматҳои падару модари хеш нарасида, бо амалу кирдори нописанди худ боиси озурдахотирии онҳо мешаванд”, –   гуфта мешавад дар иттилоияи расмии милитсияи Душанбе.
Аз бадрафтории Тоҳир Нозимов ба мақомоти милитсия модари худаш шикоят кардааст. Баъди боздошти ӯ, “зимни пурсиш ва пешбурди корҳои санҷишӣ муайян кардаанд, ки ин ҷавон чанд муддат боз бо модари худ муноқиша намуда, бо суханони дағалу амалу рафтори ноҷои худ боиси озори модар шуда, ҳамзамон тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст.”
Мақомоти милитсия гуфтанд, ин сокини Теппаҳои шарқиро  бо мақсади пешгирӣ аз сар задани ҳодисаҳои нохуш ва ҷиноятҳои вазнин ва ҳамчунин ба хотири  ҳамзамон ба роҳи рост ҳидоят намудани ӯ ба ҷавобгарӣ кашондаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.