расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » КӮДАКИ ДУЗДИДАШУДАРО ЁФТАНД ВА ЯК ЗАНРО БАРОИ ОДАМРАБОӢ ДАСТГИР КАРДАНД

Ҷомеа / Ҳаводис

КӮДАКИ ДУЗДИДАШУДАРО ЁФТАНД ВА ЯК ЗАНРО БАРОИ ОДАМРАБОӢ ДАСТГИР КАРДАНД

Маркази матбуоти РВКД шаҳри Душанбе хабар дод, ки ба кормандони милитсияи шаҳри Душанбе муяссар шудааст, ки дар як муддати кӯтоҳ кӯдаки думоҳаеро, ки рӯзи 30 ноябр, тахминан соати 15 Дармонгоҳи тиббии шаҳрии № 13 (собиқ Поликлиникаи №1) дуздида буданд, пайдо ва нафари гумонбар дар ин қазияи гӯшношуниди кӯдакрабоиро дастгир кунанд.
Бино ба иттилои расмӣ, гумонбаршаванда соати 4.20 субҳи 1 декабр вақте дастгир шуд, ки алакай берун аз ҳудуди пойтахт қарор дошт.
 “Бо расидани хабари мазкур гурӯҳи оперативӣ-тафтишотии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи самтҳои оперативию тафтишотӣ ва криминалистика сафарбар карда шуда, дар доираи баргузории маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар вақти шабона гиреҳи ҷиноят кушода шуда, соати 4.20 дақиқаи саҳар гумонбаршаванда берун аз ҳудуди пойтахт муайяну дастгир ва кӯдаки навзоди 2-моҳа сиҳату саломат дарёфт гардид”, – гуфта мешавад дар иттилоия.
  Бино ба иттилои мақомот, дар рафти тафтишот муайян гардид, ки гумонбаршаванда ҷавонзани 29-сола Ахмедова Нигора Рустамҷоновна, санаи таваллудаш 03.07.1992, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Чортеппа, деҳаи Кампирқалъа буда, ҳангоми ар дохили Дармонгоҳи тиббии шаҳрии рақами 13-и шаҳри Душанбе қарор доштанаш дкӯдаки навзоди думоҳаро аз модараш барои нигоҳубини яклаҳзаина қабул кардааст, вале сипас аз набудани модари кӯдак истифода намуда, кӯдакро гирифта ба самти номаълум ғайб задааст.
 РВКД Душанбе гуфт, айни ҳол нисбати гумонбаршаванда Ахмедова Нигора бар асоси моддаи 130 (одамрабоӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ҷиҳати муайян намудани сабабу ҳадафҳои ҷиноятӣ ва даст доштани дигар иштирокчиён дар содир намудани ҷинояти мазкур чорабиниҳои тафтишотӣ идома доранд. Ба  ин зан барои рабудани кӯдаки баръало ноболиғ бар асоси моддаи 130 аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.
Шоми 30 ноябр хабаргузории “Азия-Плюс”  аз қавли шоҳидон хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 30 ноябр аз Маркази саломатии №13 (собиқ поликлиникаи №1) як зани ношинос кӯдаки ширмакро дуздидааст. Табибони поликлиника гуфтанд, ки ин ҳодиса соати сеи рӯз рӯй дод.
Шоҳидон ҳодисаро чунин нақл кардаанд:  “Ҷавонзан бо кӯдак барои муоина пеши духтур омада буд. Вале маълум шуд, ки духтур бе дастпӯшак муоина намегузаронад ва дастпӯшакро муштариён бояд худашон меовардаанд. Модари кӯдак барои харидани дастпӯшак берун баромадааст ва як духтари дигар, ки ҳамон ҷо меистод, пешниҳод кардааст, ки то омаданаш кӯдакашро нигоҳ мекунад. Модар фикр кардааст, ки ӯ корманди бемористон аст ва кӯдакашро ба он духтар додааст. Вале вақте ки бармегардад, на духтарро пайдо кардааст ва на кӯдакашро.”
Дар раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе низ ин ҳодисаро тасдиқ карда, гуфтаанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ алакай рӯи ин қазия кор карда истодаанд. Як манбаъ дар мақомоти милисаи Душанбе ҳанӯз шоми 30 ноября бо итминон ба “Азия Плюс” гуфт: “Дар ҳақиқат, ба мо дар ин бобат муроҷиат карданд ва як гуруҳи корӣ ташкил шуда, алакай кор карда истодааст. Дар он макон дар ҳама ҷо видеокамераҳои назоратӣ насб карда шудаанд ва сабтҳоро гирифта, кор карда истодаанд. Фикр мекунам, ки кӯдак ва занеро, ки ӯро бурдааст, ба зудӣ пайдо мекунанд.”
Дар Тоҷикистон ҳодисаҳои гумшавии кӯдакон гоҳ-гоҳ мушоҳида мешавад, вале ҳодисаҳои қасдан дуздидани кӯдак ангуштшумор аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.