расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ДАР НОҲИЯИ ҒАФУРОВ ЯК ПИСАР ПАДАРАШРО БО 7 ЗАРБАИ КОРД КУШТААСТ

Ҷомеа / Ҳаводис

ДАР НОҲИЯИ ҒАФУРОВ ЯК ПИСАР ПАДАРАШРО БО 7 ЗАРБАИ КОРД КУШТААСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар як иттилоия бо номи “Ҳалокати падар аз дасти писари нохалаф” хабар дод, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як ҷавон падари худашро куштааст.
Бино ба ин манбаъ, ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ, дастгир карда шуд. “Номбурда, 29-уми ноябри соли 2021, дар хонаи истиқоматиашон бо падараш, марди 47-сола муноқиша намуда, бо корди хоҷагӣ 7-маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими баданаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, – гуфта мешавад дар иттилоияи ВКД.
Тафсилоти дигари ин ҳодиса ва сабаби даст ба ҷони падар задани фарзанд гуфта нашудааст.
Нисбати писар бар асоси қисми якуми моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд ва  тафтишот идома дорад. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун барои одамкушӣ аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад. Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштор ё қасди куштори хешовандони наздик хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Танҳо дар моҳи ноябр ВКД дар бораи 7 чунин ҷинояти сангин хабар дод. Дар 3 маврид шавҳарон қасди ҷони завҷаҳояшонро карда, дар як маврид баракс як зан шавҳарашро бо табар кушт. Дар як мавриди дигар келини хонавода хушдоманашро бо зарбаи корд ба ҳалокат расонд ва ахиран хабар омад, ки зани 29-солаи сокини ноҳияи Сангвор рӯзи 26-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 15.00, аз сабаби муноқишаи оилавӣ, модарандараш зани 43-солаи сокини ноҳияи мазкурро бо роҳи фиреб ба назди соҳили дарёи “Хингоб” бурда, ӯро ба дохили дарё тела намудааст. Дар натиҷа ҷабрдида ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.
Дар ҷомиаи мусалмонии Тоҷикистон одамкушӣ ба сари худ як гуноҳи кабирӣ шумурда мешавад ва куштани хешовандони наздик, бахусус падар ё модар, гуноҳест сахт нобахшиданӣ. Ҷомиашиносон дар вақтҳои охир афзудани мавридҳои даст ба ҷони наздикони худ задан дар Тоҷикистонро ба уфти арзишҳои ахлоқӣ дар байни мардум рабт медиҳанд. Рӯҳониён дур шудан аз таълимоти илоҳӣ ва дину диёнатро дар ин тамоюли манфӣ муқассир мешуморанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.