расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Генерал Мансурҷон Умаров бар “илтиҳоби шуш” пирӯз омад

. / Ҷомеа

Генерал Мансурҷон Умаров бар “илтиҳоби шуш” пирӯз омад

Генерал-майор Мансурҷон Умаров, сардори Раёсати зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон, аз шифохона рухсат шудааст
Як манбаъ дар Шифохонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдаконаи Душанбе, ки дар шафати Маҷмааи тандурустии "Истиқлол” ҷойгир аст, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Мансурҷон Умаров бо ташхиси “илтиҳоби шуш” бистарӣ шуда буд, ҳоло сиҳат ёфта, ба хона рухсат шудааст.
“Он кас 21 рӯз дар шифохона таҳти табобат қарор дошт. Ду ҳафтаи дигар бояд дар манзили худ таҳти назорати табибон бошад. Вазъи саломатиаш хуб аст. Пас аз он метавонад сари вазифа баргардад”, - гуфт ин манбаъ.
Ду ҳафтаи қабл расонаҳо аз гирифтории Мансурҷон Умаров, сардори Раёсати зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон, ба “илтиҳоби шуш” хабар дода, гуфта буданд, ки ӯ нахуст ба шифохонаи “Истиқлол”, сипас, Шифохонаи маризиҳои сироятии Душанбе, маъруф ба “Шифохонаи Чапаев” интиқол ёфтааст.
Аммо манбаъи Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, ӯ марҳалаи табобатиро пурра дар Шифохонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдаконаи пойтахт воқеъ дар кӯчаи Соҳилӣ (ҳамон собиқ Чапаев) гузаштааст.
Мансурҷон Умаров соли 1967 дар ноҳияи Фархор тавуллуд шуда, хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) аст.
Замоне муфаттиш, корманди бозрасии назди раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) ва муовини сардори Раёсати КДАМ дар шаҳри Душанбе буд. Ҳудуди 10 сол раҳбарии раёсати амнияти раисҷумҳури Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Соли 2010 муовини аввали раиси КДАМ таъин шуд.
Соли 2018 дар пайи чанд шӯриш дар зиндонҳо ва барканор шудани Иззатулло Шарифзода, сардори қаблии Раёсати зиндонҳои Тоҷикистон, Мансурҷон Умаров ба раҳбарии ин идора таъин гардид. Истиқрори назму низом ва қонун дар зиндонҳои Тоҷикистон ба номи ӯ рабт дода мешавад.
4 майи соли равон дар айни авҷи густариши “вируси корона” дар Тоҷикистон бародари Мансурҷон Умаров - Носир Умаров, ки дар ширкати "Барқи тоҷик" кор мекард, дар Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Душанбе, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон, ба қавли наздиконаш, аз “илтиҳоби шуш” фавтид, аммо ҷасади ӯро ба пайвандон надода буданд.
Read more: https://sputnik-tj.com/health/20200903/1031838738/General-Mansurjon-Umarov-bar-iltihobi-shush-piruz-omad.html

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.