расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Раиси нави ВМКБ ба мудири Ожонси Оқохон дар умури муҳити зист лоиҳаҳои нав пешниҳод кард

Ҷомеа / Иқтисодиёт

Раиси нави ВМКБ ба мудири Ожонси Оқохон дар умури муҳити зист лоиҳаҳои нав пешниҳод кард

Ҳодӣ Ҳусейнӣ, мудири Ожонси Оқохон оид ба макони зист дар Тоҷикистон бо Алишер Мирзонабот, раиси навтаъйини ВМКБ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард

 Алишер Мирзонабот аз мақомдорони Ожонси Оқохон барои саҳмашон дар рушди минтақа изҳори миннатдорӣ карда, бархе лоиҳаҳои навро пешниҳод кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, дар мулоқот зикр шудааст, ки бо дастгирии шарикони рушд дар шаҳри Хоруғ, хати оби нушокӣ бунёд гардид, ки ба беҳтар гардидани сифати зиндагии мардум ва беҳбудии инфрасохтори шаҳр нигаронида шудааст.

Манбаъ афзуд, ки Алишер Мирзонабот нақшаҳои минбаъдаи корӣ, ки ба лоиҳаҳои пеш ворид нагардидаанд, ба миён гузоштааст.

"Аз ҷумла зинакунонии маҳаллаи Заводи Нон ва Шарифободи шаҳри Хоруғ дар доираи низоми бехатарии шаҳр, бунёди чоҳи амуди дар маҳалаи Валдош Гулмамадов бо мақсади таъмини сокинони маҳалла ва бошандагони маҳаллаи Чухт Хоруғ бо оби тозаи нушокӣ ва бунёди хати ташноб дар маҳаллаи Шарифобод аз нақшаҳои нав унвон гардиданд", - омадааст дар итилоия.

Раиси ВМКБ дар ин самт аз мудири Оҷонсии Оқохон оид ба макони зист дар Тоҷикистон ҳамкории дуҷониба хостааст.

Инчунин ҷонибҳо аз дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои зиёд намудани майдончаҳои варзишӣ дар вилоят зикр намуда, азмашонро барои идомаи кор дар ин бахш баён доштаанд.

Созиш шудааст, ки мақомоти ВМКБ ҳамкориро бо Ожонси Оқохон дар умури муҳити зист таҳким мебахшад.

Cарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.