расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ХЕЗ, МОДАР… ЛАҲЗАИ РИҚҚАТОВАРИ ЗИЁРАТИ ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН АКМАЛИДДИН КАРИМОВ АЗ МОДАРАШ (ВИДЕО)

Ҷомеа / Варзиш

ХЕЗ, МОДАР… ЛАҲЗАИ РИҚҚАТОВАРИ ЗИЁРАТИ ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН АКМАЛИДДИН КАРИМОВ АЗ МОДАРАШ (ВИДЕО)

Муродали Тешаев дар Фейсбук видеои лаҳзаи ба зиёрати модараш рафтани чемпиони ҷаҳон Акмалиддин Каримовро нашр кардааст. Дар видео дида мешавад, ки модари Акмалиддин дар рӯи кати маризӣ хоб аст, вале вақте писараш аз дар медарояд, бо чашмони пур аз ашк аз ҷояш мехезад ва Акмалиддинро гарм ба оғӯш мегирад. Акмалиддин медали тиллои чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини самборо, ки дар Тошканд ба даст овард, ба гардани модараш меовезад ва мегӯяд, ин медал, ки ин қадар орзуяшро доштӣ, ҳаққи ҳалоли туст.
Муаллифи видео бо ишора ба манзили назарногири Акмалиддину модараш мегӯяд, чемпиони ҷаҳон дар ҳамин кулбаи назарногир ба дунё омадааст. “Бубинед, кӯлбаҳои назарногир инсонҳоеро ба дунё меоранд, ки дар оянда ҷаҳонгир мешаванд”, – мегӯяд ӯ. Муаллиф аз он изҳори таассуф кард, ки ин лаҳзаи бо тоҷи пирӯзӣ ба хона баргаштани писарашро падари фақиди Акмалиддин надид ва натавонист шарики ин соати шодии хонаводааш бишавад.
Акмалиддин Каримов, шогирди мураббии шинохтаи тоҷик Муҳаммадшариф Сулаймонов, рӯзи 12 ноябр дар чемпионати ҷаҳон дар Тошканд дар вазни то 58 кило дар мусобиқоти самбои варзишӣ соҳиби ҷои аввал ва унвони чемпиони ҷаҳон шуд.
Акмалиддин то кунун дар чемпионатҳои ҷаҳон 4 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ ба даст оварда буд ва бори аввал соҳиби медали тилло ва унвони қаҳрамони самбои ҷаҳон шуд. Ӯ гуфт, тамоми умр интизори ин рӯз буд. Чемпионати ахир дар Тошкандро Акмалиддин яке аз мушкилтарин мусобиқот дар собиқаи варзишиаш номид ва гуфт, ин арзиши пирӯзиашро дар ин мусобиқа боз ҳам болотар мебарад.
Акмалиддин Каримов шашумин паҳлавони тоҷик аст, ки унвони қаҳрамони самбои ҷаҳонро ба даст овардаанд. Соли 1974 Саймӯмин Раҳимов, соли 2017 Беҳрӯз Хоҷазода, соли 2018 Хушқадам Хусравов дар самбои варзишӣ ва соли 2005 Сайриддин Икромову соли 2009 Эраҷ Раҳимов дар самбои размӣ  чемпиони ҷаҳон шуда буданд.
Акмалиддин Каримов дар ҳоле чемпиони ҷаҳон шуд, ки рафтанаш ба чемпионати ҷаҳон зери суол қарор дошт. Ӯ дар чемпионати ахири Тоҷикистон иштирок карда натавонист ва тибқи қоида, бояд  варзишгаре, ки чемпиони Тоҷикистон шуд, ба ин мусобиқа мерафт. Вале мураббиёни тими миллӣ пойфишорӣ карданд, ки номзади аз ҳама арзанда Акмалиддин аст ва ӯро ба Тошканд бурданд. Натиҷаҳои чемпионати ҷаҳон нишон дод, ки мураббиён тасмими дуруст гирифтаанд.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.