расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ВИДЕО: МУРОҶИАТИ 18 МУҲОҶИРБАЧАИ ТОҶИК АЗ АРХАНГЕЛСК: МОРО АЗ ҒУЛОМӢ НАҶОТ ДИҲЕД!

Ҷомеа / Муҳоҷир

ВИДЕО: МУРОҶИАТИ 18 МУҲОҶИРБАЧАИ ТОҶИК АЗ АРХАНГЕЛСК: МОРО АЗ ҒУЛОМӢ НАҶОТ ДИҲЕД!

3 июл бо ваъдаи 40 ҳазор рубл маош  аз Тоҷикистон Далер Шарипов ном сокини Хуҷанд ба Русия, ба шаҳри Архангелск овард ва онҳо 4 моҳ дар як сохтмон дар кӯчаи Полина Осипенко, бинои №6 бепул кор карданд. Ин сохтмонро ширкати “ПрогрессСтрой” бар уҳда доштааст.
Дар видео, ки рӯзи 26 октябр сабт шудааст, коргарони тоҷик дида мешаванд, ки бо вуҷуди заминро пӯшондани қабати ғафси барф (Архангелск дар шимоли Русия ҷойгир шудааст) дар тан либоси тунук кор карда истодаанд. Гӯяндаи навор мегӯяд, ба онҳо дар ин 4 моҳи корашон нафақат маоши ваъдагиро надоданд, балки ҳоло боз 1 миллиону 200 ҳазор рубл қарздорашон кардаанд.
тибқи тавофуқ онҳоро бо ҷои хобу хӯроки бепул бояд таъмин мекарданд ва ҳар моҳ 40 ҳазор рубл маош медоданд. Ӯ афзуд: “Вале дар ин 4 моҳ мо, 18 нафар, дар маҷмӯъ ҳамагӣ 120 ҳазор рубл пул гирифтем, ки ба ҳисоби миёна сари ҳар кадомамон 7 ҳазор рубл ҳам намешавад.  Ба болои ин, як нафар бо номи Собир худро роҳбари диаспораи тоҷикони Архангелск муаррифӣ карда, гуфт, ки гӯё мо баъди 4 моҳи кори бепуламон боз аз вайҳо барои патенту хӯрду хӯроку ҷои хобу дигару дигараш 1 миллиону 200 ҳазор рубл қарздор шудаем. Мо маҷбур шудем, ки аз онҷо гурезем. Вале онҳо ба мо таҳдид карда истодаанд. Ахиран як нафар аз Тоҷикистон зангамон зад ва таҳдид кард, ки ягон видео накунед, ки масъалаатон безеб мешавад…”
Ин муҳоҷирони тоҷик аз сафорати Тоҷикистон дар Русия, намояндагонии муҳоҷирати Тоҷикистон ва раҳбарони созмонҳои тоҷикони Русия хоҳишу илтиҷо доранд, ки онҳоро аз банди ғуломӣ ва таъқиби Собиру Далер наҷот диҳанд.
Баъди фирори мардикорони тоҷик, Собиру Далер телефонҳояшонро куштаанд ва ба идораи “Бомдод” муяссар нашуд, ки бо онҳо тамос бигирад ва фикрашонро дар бораи ин моҷаро пурсад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.