расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ҲАМВАТАНИ МО БЕҲРӮЗ ҚАЮМОВ ДАР МАСКАВ ГУМ ШУДААСТ! БАРОИ ЁФТАНАШ КУМАК КУНЕД!

Ҷомеа / Муҳоҷир

ҲАМВАТАНИ МО БЕҲРӮЗ ҚАЮМОВ ДАР МАСКАВ ГУМ ШУДААСТ! БАРОИ ЁФТАНАШ КУМАК КУНЕД!

LizaAlert, як пойгоҳи машҳури ҷустуҷӯӣ ба ҷустуҷӯи Қаюмов Беҳрӯз (Умед) Насимович, 34-сола, сокини ҳавзаи шимолу ғарбӣ (Северо-Западный округ (СЗАО), шаҳри Маскав пардохтааст.
Беҳрӯз аз 30 октябр бедарак шудааст.
Аломатҳо: қадаш 162 см, лоғарандом, мӯи сараш сиёҳи мошубиринҷ, чашмонаш сиёҳ.
Либос: курткаи рангаш тира, пироҳани сурх, шими ҷинси рангаш кабуди паст, кроссовкии рангаш тира,  кӯлоҳи сиёҳу кабуд.
LizaAlert хотиррасон кардааст, ки Беҳрӯз гап зада наметавонад ва ба ёрии тиббӣ ниёз дорад.
Аз ҳама хоста шудааст, ки агар ҳар маълумоте дошта бошанд, бо рақами: 8 (800) 700-54-52  ё ба 112 занг зананд. Кумаки ихтиёриён лозим аст, – ҳамчунин хоҳиш кардааст LizaAlert.
Скрипканавози машҳури зодаи Тоҷикистон Нохид Зейналпур, ки ҳоло дар Маскав ба сар мебарад, низ аз тариқи Фейсбук ба ҳама муроҷиат кардааст, ки барои ёфтани Беҳрӯз кумаки худро дареғ надоранд. Ӯ навишт, ки ҷавони гумшуда писари ҳамватанаш Муҳаббат Алиева аст.
Нохид Зейналпур  нақл кард, ки Беҳрӯз Қаюмов аз кӯдакиаш маъюб буда,Ю гап зада наметавонад.Ӯ рӯзи 30 октябр дар минтақаи Покровское – Стрешневои шаҳри Маскав гум шудааст.
 “Ӯ минтақаи худро хуб медонад, вале шояд ба самти дигар рафта бошад. Рақамҳову ҳарфҳо дар ёди ӯ намемонанд, кумак ҳам пурсида наметавонад”, , – навиштааст Ноҳид Зайналпур. Ӯ аз ҳама хостааст, ки “агар ба чашматон афтод, ӯро ба наздиктарин шуъбаи пулис ё ДПС баред. Хоҳиш мекунем, ба модараш бо ин рақам занг занед: +79055601293 Муҳаббат Миралиевна.»

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.