расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ЛОИҚ РАҶАБОВ ИН ДАФЪА ҲАМ ДАР НАБАРД БАРОИ ЯК МИЛЛИОН ДОЛЛАР ШИКАСТ ХӮРД (ВИДЕО)

Ҷомеа / Варзиш

ЛОИҚ РАҶАБОВ ИН ДАФЪА ҲАМ ДАР НАБАРД БАРОИ ЯК МИЛЛИОН ДОЛЛАР ШИКАСТ ХӮРД (ВИДЕО)

Варзишгари 30-солаи ҷангҳои бидуни қоида (ММА) аз Тоҷикистон Лоиқ Раҷабов, ки бо лақаби Jaguar Paw (Чанголи Ягуар) маъруф аст, шаби 28 октябр дар даври ниҳои мавсими нави лигаи размандаҳои касбии Professional fight league (PFL)  дар вазни сабук аз рақиби 29-солааш аз Бразилия Рауш Манфио бо қарори якдилонаи доварон мағлуб шуд. Ин набард дар майдони Hard Rock Hoteland Casino дар Ҳолливуд, аёлати Калифорнияи Амрико баргузор шуд.
Барои Манфио ин алаай пирӯзии 15-ум дар ММА буд. Ӯ ҳамагӣ 4 маротиба шикаст хӯрдааст. Барои Лоиқ бошад ин шикасти чорум буд. Размандаи тоҷик дар 12 набард пирӯз шудааст.
Лоиқ Раҷабов инак бори дуюм аст, ки то финали мусобиқоти PFL роҳ меёбад, вале дар набард барои ҷоизаи асосӣ, ки 1 миллион доллар аст, шикаст мехӯрад.
Ёдовар мешавем, соли 2019  варзишгари тоҷик ба даври ниҳоии мусобиқоти Гран-прии Professional fight league (PFL) – 2019 дар вазни сабук роҳ ёфт, вале дар финал, ки шаби 1 январи соли 2020 дар толори машҳури “Медисон Сквер Гарден” дар шаҳри Ню-Йорки Амрико доир шуд, аз рақибаш аз Бразилия Натан Шулте шикаст хӯрд ва аз як миллион доллар ҷоиза маҳрум гардид.
Моҳи июни соли ҷорӣ  дар нахустин рақобаташ дар мавсими имсола Лоиқ Раҷабов бар рақибаш аз Доғистони Русия Ахмед Алиев пирӯз шуда буд. Он дафъа ба варзишгари тоҷик ҳамагӣ 27 сония лозим шуд, то рақибашро ба нокаут фиристода, пирӯзии бечунучаро ба даст биорад. Шаби 13 август дар даври ниманиҳоӣ Лоиқ бар рақибаш аз Парагвай Алекс Мартинес ғолиб омад.
Дар пайи ин ду пирӯзии бечунучаро Лоиқ Раҷабов дубора ба марҳалаи ниҳоии Гран
Лоиқ Раҷабов 17 сентябри соли 1990  дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, мактаби №77-ро дар шаҳри Душанбе ва сипас Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис ё инженери роҳҳои оҳан хатм кардааст
Соли 2015 Лоиқ Раҷабов ба Олмон рафта, таҳти роҳбарии мураббии зодаи Тоҷикистон Олег Шодиев ҷиддан ба машқу тамрини муҳорибаҳои омехта пардохт. Ӯ дар Олмон 4 камарбанд ба даст оварда, соли 2019 бори аввал дар мусобиқоти лигаи PFL  иштирок кард ва то финали ин мусобиқот роҳ ёфт. Лоиқ Раҷабов оиладор аст ва се фарзанд дорад.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.