расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Субҳ ҳамроҳ чой нӯшидем: ҳамсари Файзалӣ Ҳасан даргузашт

Ҷомеа / Ҳаводис

Субҳ ҳамроҳ чой нӯшидем: ҳамсари Файзалӣ Ҳасан даргузашт

 Ҳамсари ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасан, Бодиламоҳ Забирова даргузашт. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон худи ҳунарманд хабар дод.
Бино бар иттилои манбаъ, Забирова 73-сола буд ва аз беморие ранҷ намекашид.
"Аз саломатиашон шикоят надоштанд. Субҳ аҳволашон хуб буд- ҳамроҳ чой нӯшидем ва ман аз паси корҳоям рафтам. Пас аз ним соат аз хона занг заданд, ки фишорашон баланд шудааст", - нақл мекунад ҳунарманд.
Вай меафзояд, дарҳол ба хона баргашта, табибонро даъват карданд, аммо "аллакай бандагиро ба ҷо оварда буданд".
Ҷанозаи марҳум фардо, соати 10 дар деҳаи Балхи ноҳияи Сино баргузор мешавад.
Бодиламоҳ Забирова то сини нафақа чун китобшинос фаъолияти густурдае доштааст.
Фвйзалӣ Ҳасан, овозхон, оҳангсоз ва Ҳофизи мардумии Тоҷикистон аст. Ӯ 73 сол дорад ва ҳамчун давомдиҳандандаи сабки Одина Ҳошим, яке аз ҳунармандони номии тоҷик машҳур аст.
Аввалин суруди хешро соли 1970 бахшида ба 100-солагии В.И.Ленин таҳти унвони "Суруди комсомол" эҷод намудааст. Соли 1972 суруди "Савганд"-ро эҷод мекунад, ки он вирди забони ҳамагон гардид.
Ҳасанов бо Театри халқии ноҳия пайванди қавии эҷодӣ дошт ва дар сафарҳои ҳунарии он фаъолона ширкат меварзид. Дар ин давра дар эҷодиёти ӯ сурудҳои лирикӣ дар васфи Ватан – Тоҷикистон эҷод мегарданд, ки онҳо дар хазинаи радио ва телевизион маҳфузанд

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.