расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Парвина Юсуфова: "Роғуну Норак дар таги фукамон, вале барқ надорем"

Ҷомеа / Иқтисодиёт

Парвина Юсуфова: "Роғуну Норак дар таги фукамон, вале барқ надорем"

Бо наздик шудани фасли сармо шикояти сокинони баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон аз камбуди барқ бештар шудааст. Ҳар рӯз даҳҳо кас аз набудани барқ дар хонаҳояшон ба Радиои Озодӣ шикоят мекунанд ва аксу навор мефиристанд. Мақомот ҷорӣ шудани "лимит"-ро инкор карда, набудани барқро ба таъмири дастгоҳҳо пайванд медиҳанд.
Сокинони маҳаллаи Ҷалолиддини Балхии ноҳияи Рӯдакӣ, 5-километрии шаҳри Душанбе, чанд рӯз аст, ки бо маҳдудият қувваи барқ мегиранд. Дар ин маҳаллаи наздик ба пойтахт дусад оила зиндагӣ мекунад. Онҳо аз вазъи пешомада норозиянд ва мепурсанд, масъалаи бебарқӣ кай ҳал мешавад?
"Ҳамон қувваи барқро мо истифода набарем, ин қадар ГЭС-ҳоро барои кӣ сохтанд? Мо низ пули барқро саривақт медиҳем. "Роғун", "Норак" дар таҳи фукамон, вале барқ надорем, чӣ кор кунем?" – мепурсад Парвина Юсуфова, яке аз сокинон.
Аъзои оилаи Парвина Юсуфова 20 нафаранд. Онҳо ба сабаби набудани барқ маҷбуранд, хӯрок ва чойро дар оташдон омода кунанд. Ин сокини ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, аз соати 8-и субҳ то 5-и бегоҳ ва аз соати 9-и шаб то 4-и бомдод барқ надоранд.
Мақомоти ширкати "Барқи тоҷик" ба шикояти мардум дар бораи набудани барқ як посух доранд: таъмири дастгоҳҳо ва омодагӣ ба зимистон.
"Буридани шохи дарахтон ва аз дигар монеаҳо озод намудани хатҳои интиқоли барқ, инчунин, гузаронидани корҳои профилактикӣ дар зеристгоҳҳои хурду калон ва дигар таҷҳизот дар баъзе аз қитъа ва ноҳияҳо дар соатҳои муайян имкон дорад, интиқоли барқ қатъ карда шавад", -- гуфтанд масъулони "Барқи тоҷик" дар изҳороте, ки 12-уми октябр нашр шуд.
Далеле, ки соли гузашта ва солҳои аз он пеш низ дар мавриди камбуди барқ дар Тоҷикистон баён доштаанд, вале мардум ба дурустии он шубҳа доранд. Дар изҳороти охир ҳам нагуфтаанд, ки таъмир кай ба охир мерасад.
Сокинон мегӯянд, набудани барқ дар фасли сармо рӯзгори онҳоро душвор ва харҷашонро бештар кардааст. Ба қавли Зумратбӣ Бегалиева, сокини маҳаллаи Ҷалолиддини Балхии ноҳияи Рӯдакӣ, бо дигар навъи сӯзишворӣ гарм кардани хона гарон меуфтад.
"Кӯдаки 1,5 моҳа дорем. Ба 3 ҳазор сомонӣ ангишт харидем, намедонем, мерасад ё не. Ду хонаро бояд гарм кунем. Ҳезум бисёр меравад, намедонем, зимистон чӣ мешуда бошад", -- афзуд ӯ.
Ба ҷуз аз шаҳри Душанбе ва маркази вилоятҳо ин шабу рӯз тақрибан аз ҳама минтақаҳои Тоҷикистон шикоятҳо аз камбуди барқ мерасад.
Таъмини мардум ва корхонаҳо бо барқ яке аз мушкилиҳои асосӣ барои ҳукумати Тоҷикистон гуфта мешавад, ки бо вуҷуди бунёди нерӯгоҳҳои зиёд, то ҳол ҳалли худро наёфтааст. Бори охир моҳи январи имсол мақомот расман дар деҳаҳои кишвар лимити барқро ҷорӣ карда буданд ва ин маҳдудият то 4-уми май давом кард.
Як танқиди ҳамешагӣ аз мақомот ин аст, ки дар рӯзҳое, ки мардум дар дохили кишвар камбуди барқ доранд, фурӯши барқ ба Афғонистону кишварҳои дигари ҳамсоя ҳамчунон идома дорад. Дар оғози моҳи октябр мақомоти Қирғизистон гуфтанд, интиқоли барқ аз Тоҷикистон

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.