расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ЯК МУҲОҶИР АЗ ҚУМСАНГИРРО ДАР СМОЛЕНСК ЗАДА-ЗАДА КУШТАНД (ВИДЕО)

Ҷомеа / Муҳоҷир

ЯК МУҲОҶИР АЗ ҚУМСАНГИРРО ДАР СМОЛЕНСК ЗАДА-ЗАДА КУШТАНД (ВИДЕО)

Ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” видеоеро фиристоданд, ки дар он лаҳзаҳои зада-зада куштани як муҳоҷир аз ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир)-и  Тоҷикистон дар шаҳри Вязмаи вилояти Смоленск сабт шудааст. Вязма дар тақрибан 170-километрии шимолушарқи шаҳри Смоленск ва 230-километрии ҷанубуғарби шаҳри Маскав ҷойгир шудааст.
Сабти лаҳзаҳои куштори ин муҳоҷир он қадар ваҳшатовар аст, ки идораи “Бомдод” ба нашри он ҷуръат накард. Онҳое ки асабҳои оҳанин доранд, мета
Бино ба иттилои дарёфтӣ, Зокир Холбоев (бино ба иттилои дигар, Умед Холбоев), соли таваллудаш 1980, ки дар шаҳри Вязма дар як сохтмон кор мекард, бегоҳи 15 октябр вақте аз кор бармегардад, мебинад, ки дар подъезди бинои истиқоматӣ як марди рус як зани низ русро латтукӯб дорад. Муҳоҷири тоҷик  мехоҳад онҳоро халос кунад, вале марди рус занро як сӯ гузошта, Зокир Холбоевро, ки маъюб буд ва аз худ ҳимоят карда наметавонист, мурданӣ латтукӯб мекунад.
Ваҳшати ин ҳодиса боз дар он аст, ки чӣ гуна то мурдан кӯфтани муҳоҷири бечораро ҳамон зан, ки ин бечора ба ҳимояти ӯ бархоста буд, ба телефонаш ба навор мегирад.
Дар сабт дида мешавад, ки марди муҳоҷир дар рӯи фарш беҳуш хобидааст, вале марди маҳаллӣ ҳамчунон ба латтукӯби ӯ идома медиҳад. Ӯ  муҳоҷирро он қадар бераҳмона мезанад, ки ҳатто дили зан месӯзад ва мегӯяд, “шояд бас аст? Вай дар даруни хун аст…” Вале марди бадҷаҳл ҳамчунон ба латтукӯби муҳоҷири азҳушрафта идома медиҳад ва чанд бор ӯро бардошта бо шаст ба рӯи фарши бетонӣ мепартояд.
Латтукӯби бераҳмонаи муҳоҷирро, тавре аз навор бармеояд, чанд нафар тамошо мекунанд, вале касе ӯро аз чанги он марди бадҷаҳл халос намекунад. Вақте ҷасади муҳоҷирро ба дигар тараф мегардонанд, дида мешавад, ки рӯяш ғарқи хун аст ва ягон ҷои обод надорад…
Бино ба иттилои дарёфтӣ, ҷанозаи муҳоҷири кушташударо барои гӯручӯб ба Тоҷикистон мефиристанд. Марди гумонбар дар қатли ӯро дар Вязма дастгир кардаанд.
Вале муҳоҷирони тоҷик метарсанд, ки мабодо тафтиши парвандаи қатли ин муҳоҷири тоҷик ҳам мисли чандин қазияи дигари куштори муҳоҷирони тоҷик дар Русия низ ба боди фаромӯшӣ супурда шавад ва қотили Зокир Холбоев ҳам беҷазо бимонад.
Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, ба сафорати Тоҷикистон дар Русия низ доир ба ин қазия муроҷиат кардаанд, вале аз сафорат ҳанӯз касе ба Вязма наомадааст.
Ҳар сол беш аз як миллион, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон бо мақсади таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба Русия ба мардикорӣ мераванд. Ва ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба иллатҳои гуногун тарки ин дунё мекунанд. Даҳҳо нафари онҳ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.