расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ДУ ОДАМКУШӢ ДАР ДУШАНБЕ ВА ПИСАРАШРО КОРД ЗАДАНИ ПИРАМАРДИ 77-СОЛА ДАР РАШТ

Ҷомеа / Ҳаводис

ДУ ОДАМКУШӢ ДАР ДУШАНБЕ ВА ПИСАРАШРО КОРД ЗАДАНИ ПИРАМАРДИ 77-СОЛА ДАР РАШТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки як пирамарди 77-сола аз деҳаи Ниширёни ноҳияи Рашт рӯзи 16 сентябр, тахминан соати 17:30, дар хонааш бо писари 41-солааш ҷанҷол намуда, бо корд шиками ӯ як зарба задааст. Дар натиҷа, писарро дар бемористон бистарӣ карда, ба зидди падари пираш парванда кушодаанд. Ба мӯсафед бар асоси қисми якуми моддаи 110 барои расондани осеби вазнин ба саломатӣ аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад. ВКД ҳамчунин аз ошкор шудани ду ҷинояти одамкушӣ дар пойтахт хабар дод.
Аз ҷумла ҷавони 23-солаи сокини кӯчаи Сино ба он айбдор мешавад, ки шаби 17 сентябр, соати 21:30 дар дохили майдончаи варзишӣ дар кӯчаи Навоӣ бо ҷавони 21-сола аз ноҳияи Восеъ ҷанҷол намуда, ба рӯи ӯ чунон як мушти сахт задааст, ки ҷабрдида ба замин афтода, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
 Ҳамин тавр, як ҷавони 18-солаи сокини Душанбе шаби 18 сентябр, соати 21:50 дар назди маркази савдои “Душанбе”, ба қисмати рости шиками ҷавони 20-солаи сокини кӯчаи Фирдавсб як корд здааст. Ҷабрдида дар ҷои ҳодиса ҷон додааст.
Аз навори хабарҳои рӯзи 20 сентябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Дастгир гардидани мӯсафеди 77-сола бо ҷурми расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба писараш

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 77-солаи сокини деҳаи Ниширёни ноҳияи Рашт ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд. Номбурда, рӯзи 16-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 17:30-дақиқа, дар манзили истиқоматиаш бо писари 41-солааш ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 1 маротиба ба шиками ӯ задааст.
Дар натиҷа, писараш зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ҳалокати ҷавони 21-сола дар дохили майдончаи варзишӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини кӯчаи А.Синои шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст, дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 17-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 21:30-дақиқа, дар дохили майдончаи варзишӣ, воқеъ дар кӯчаи А.Навоии пойтахт бо ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Восеъ ҷангу ҷанҷол намуда, 1 маротиба бо мушт ба рӯйи ӯ зарба задааст, ки охирин ба замин афтида, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ба қатл расонидани ҷавони 20-сола аз ҳиссиёти авбошӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 18-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 21:50-дақиқа, дар назди бинои маркази савдои “Душанбе”-и пойтахт, аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос ҷавони 20-солаи сокини кӯчаи Фирдавсиро бо корди ошхонагӣ 1 маротиба ба қисмати рости шикамаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.