расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » 3 ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: СЕ МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР НОВОСИБИРСК ЗИНДА БА ЗИНДА СӮХТАНД

Ҷомеа / Муҳоҷир / Ҳаводис

3 ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: СЕ МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР НОВОСИБИРСК ЗИНДА БА ЗИНДА СӮХТАНД

Субҳи 18 сентябр се шаҳрванди Тоҷикистон дар маркази шаҳри Новосибирски Русия дар даруни мошин зинда ба зинда сӯхтанд.
Бино ба иттилои расмӣ, тахминан соати шаши субҳ мошини тамғаи Volkswagen Polo ҳангоми ҳаракат аз тарафи пули Димитров ба самти шоҳроҳи Вокзалная дар назди бинои №2 дар кӯчаи Депутатская ба сутуни чароғ бархӯрдааст. Дар натиҷа мошин оташ гирифтааст ва ҳар се нафаре, ки дар дохили мошин буданд: ронанда ва ду мусофираш зинда зинда сӯхтаанд.
Бино ба иттилои Владислав Савченков, намояндаи бахши иттилооти ГИБДД, пулиси роҳи Новособирск, танҳо баъди пурра фурӯ нишондани оташ тавонистаанд ҷасадҳои алакай сӯхтаи ин се нафарро берун биоранд. Ҳарсе қурбонии ин садамаи мудҳиш дар маркази Новосибирск шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Исми ҳалокшудагон ҳанӯз нашр нашудааст. Тафсилоти дигари садама маълум нест. Ин ҳам маълум нест, ки ин се шаҳрванди тоҷик соати шаш, дар он субҳи барвақт куҷо мерафтанд?
Пулис гуфтааст, ки ронандаи мошин бо суръати баланд ҳаракат мекард.  Мошин ба як ширкати каршеринг (иҷораи соатакӣ) тааллуқ доштааст ва ронандаи тоҷик онро ба иҷора гирифта будааст.
Ҳар сол беш аз як миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори оилаҳои худ ба Русия ба мардикорӣ мераванд. Ва ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба иллатҳои гуногун ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Садамаҳои нақлиётӣ дар баробари фалокатҳо дар ҷои кор як иллати асосии марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешавад.
Аксу видеоҳо аз маҳалли ин садамаи мудҳишро дар шабакаи «ВКонтакте» пойгоҳи хабарии «Новосибирская служба эвакуации «АСТ-54» нашр кардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.