расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Парвандаи Баҳоваддинов, собиқ директори "Нақлиёти мусофиркашон" -и Хуҷанд қатъ шуд

. / Ҷомеа

Парвандаи Баҳоваддинов, собиқ директори "Нақлиёти мусофиркашон" -и Хуҷанд қатъ шуд

Sputnik Tajikistan​​​Саидхуҷа Баҳоваддинов, собиқ директори генералии Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти мусофиркашон» и Хуҷанд дар поёни соли гузашта аз ҷониби маъмурони Раёсати мубориза бо коррупсия дар Суғд боздошт шуда буд

Нисбати ин собиқ мансабдори Хуҷанд мақомот бар тибқи се моддаи қонун азхудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон, қаллобӣ ва суйистифода аз ваколатҳои мансабӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда буданд.

Манобеъ аз Суди вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки парвандаи Баҳоваддинов бар асоси қонуни авф қатъ гардидааст.
«Ин парванда дар суд бар асоси қонуни авф қатъ карда шудааст», -гуфт манбаъ.

Саидхуҷа Баҳоваддинов аз сентябри соли 2018 то соли 2019 директори генералии корхонаи «Нақлиёти мусофиркашон» — и Хуҷанд буд. Он замон корхонаи «Нақлиёти мусофиркашон» — и Хуҷанд аз ҳисоби ин қарзи бонки байнулмиллалӣ 100 адад автобуси тамғаи «ЛИАЗ 4292» ва «ЛИАЗ 5292» — ро аз Русия ворид кард ва ҳаракати ин нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хуҷанд ва навоҳии атрофи он ба роҳ монда шуд.

 Аммо дере нагузашта ҳаракати автобусҳо дар Хуҷанд ба мушкил печид.

Дар ин миён чандин роҳбарони ин корхона иваз шуданд. Аз ҷумла моҳи сентябри соли 2019 ба ҷойи Баҳоваддинов, Бахтиёр Комилов директори ин корхона таъйин шуд ва ҳудуди чаҳор моҳ дар ин мақоми вазифавӣ фаъолият кард. Аз 26 январ то 24 июл Фарҳод Шарипов дар ин вазифа кор кардааст. Аз июли соли 2020 Зокирҷон Зоҳидов директори генералии КВДК «Нақлиёти мусофиркашон» — и шаҳри Хуҷанд таъйин гардид.

Аз моҳи июни соли ҷорӣ ба ҷойи Зоҳидов, Музаффар Раҳимхӯҷаев директори генералии «Нақлиёти мусофиркашон» и Хуҷанд таъйин шудааст. Раҳимхуҷаев дар ҳоле ба ин вазифа таъин шуд, ки автобусҳо бо сабаби гароншавии нархи сӯзишворӣ ва адами шароити иқтисодии ин корхона аз ҳаракат бозмонданд.

Аз моҳи сентябри соли ҷорӣ бо дастгирии кумакии молии ҳукумати шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳрҳои Бӯстону Гулистон дубора ҳаракати автобусҳо аз сар гирифта шуд. Ҳоло 60 автобус аз шумори 100 ададии автобусҳо ба роҳ мебароянд.

Набуди маблағи кофӣ ва мушкили камбуди ронандаҳо сабаби бозистодани наздик ба панҷоҳ дарсади автобусҳо гуфта мешавад.
Бино ба иттилоъи дарёфтӣ КВДК «Нақлиёти мусофиркашон» и Хуҷанд, барои тадбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хуҷанд» аз ҳисоби 26 миллион доллар қарзи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 100 адад автобуси тамғаи ЛИАЗ ворид кард.

Аз ҳисоби умумии пул 17, 5 милион доллар қарз ва 8,5 миллион доллари дигар гарант, ё қарзи бебозгашт гуфта мешавад. Ӯҳдадории баргардонии 17, 5 миллион доллар қарзи бонк то соли 2027 ба нақша гирифта шудааст.

Корхонаи «Нақлиёти мусофиркашон» — и Хуҷанд то имрӯз чанд марҳилаи марҳилаи пардохтро сипарӣ намуда 4, 3 миллиони қарзи бонкро пардохт намудааст.

Сарчашма:​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.