расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Мақомоти Хуҷанд: фаъолияти пурраи автобусҳои шаҳр ба роҳ монда мешавад

. / Ҷомеа

Мақомоти Хуҷанд: фаъолияти пурраи автобусҳои шаҳр ба роҳ монда мешавад

Тибқи иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд, дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти вилояти Суғд шуруъ аз санаи 1 сентябри соли равон тамоми автобусҳои КВД "Нақлиети мусофиркашони шаҳри Хуҷанд" бо тамоми васоити нақлиётиаш ба хизматрасонии доимӣ оғоз менамояд.
Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки барои шаффофӣ ва мунтазамии хизматрасони пардохти ҳаққи роҳкиро қатъиян бо тариқи ғайринақдӣ яъне бо кортҳои нақлиётӣ сурат мегирад.
“Мусофиронро зарур аст, барои равуои бемамоният аз нуқтаҳои корттаъминкуни кортро дастрас намоянд ва ё дар ҳолати доштани корт суратҳисоби онро пурра намоянд”, - таъкид доштааст манбаъ.
Зикр шудааст, ки кортҳои нақлиётӣ кафолати равуои бемамонияти сокинон дар масири ҳаракати автобусҳои шаҳри Хуҷанд мебошад.
Ёдрас мешавем, ки аввали моҳи август болоравии бесобиқаи нархи сӯзишвории дизелӣ, сабаби аз ҳаракат боз мондани даҳҳо адад нақл
иёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд гардид.
Дар маркази вилояти Суғд аз 100 автобуси мавҷуд буда, танҳо 10 тоаш кор мекунад, 90 адади дигар аз ҳаракат боз монда буд.
Абдуҷалил Бобоҷонов, роҳбари тадбиқи лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ" и КВД “Нақлиёти мусофиркашон” и Хуҷанд гуфта буд, ки болоравии нархи сӯзишвории дизелӣ ба ҳолати бе ин ҳам хароби иқтисодии корхонаи онҳо таъсири амиқи манфӣ боқӣ гузоштааст.
“Нархи солярка аз 9 сомонӣ гузашт. Агар ба ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт то бегоҳ маблағи соляркаро надиҳед, пагоҳ саҳар сӯзишворӣ намедиҳанд. Ҳаракати автобусҳо, хароҷоти сӯзишвориро пӯшонида наметавонад, аз ҳамин ҷиҳат ҳаракати 90 дарсади автобусҳо боз дошта шудааст”, - гуфт Бобоҷонов.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.