расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Коронавирус: даргузашти Идигул Қосимзода, вакили Парлумон ва собиқ раиси занон

Ҷомеа / Ҳаводис

Коронавирус: даргузашти Идигул Қосимзода, вакили Парлумон ва собиқ раиси занон

Ӯ ҳудуди ду ҳафта дар шӯъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи рақами 3 шаҳри Душанбе, маъруф ба "1-ум Советский" бистарӣ будааст
Идигул Қосимзода, вакили Парлумони Тоҷикистон ва собиқ раиси занони кишвар даргузашт.
Бино бар иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон Қосимзода чанд ҳафтаи ахир аз бемории коронавирус ранҷ мебурдааст.
Гуфта мешавад, вакили тоҷик ҳудуди ду ҳафта дар шӯъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи рақами 3 шаҳри Душанбе, маъруф ба "1-ум Советский" бистарӣ буд.
Қосимзода Идигул Тағо 4 январи соли 1968 дар ноҳияи Вахш ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишкадаи омўзгории шаҳри Қўрғонтеппа (ҳозира шаҳри Бохтар) мебошад. Доктори илмҳои педагогист.
Солҳои 1990-1992- Котиби масъули шуъбаи кор бо ноболиғони Ҳукумати ноҳияи Вахш буд.
Дар ҳамин ноҳия ба ҳайси омӯзгор фаъолият бурдааст. Қосимзода соли 2003 ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба кор даромад ва дар ин муассиса то соли 2015 фаъолият дошт. Ӯ дар донишкадаи мазкур то ба зинаи муовини ректор расид.
Аз январи соли 2017 то соли 2020 раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Идигул Қосимзода ҳамагӣ 53 сол дошт.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.