расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ПИСАРИ БЕГ САБУР БА ОЛИМПИАДАИ ТОКИО РОҲХАТ ГИРИФТ

Ҷомеа / Варзиш

ПИСАРИ БЕГ САБУР БА ОЛИМПИАДАИ ТОКИО РОҲХАТ ГИРИФТ

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон рӯзи 5 июл хабар дод, ки боз як варзиҳгари тоҷик – узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс Сиёвуш Зуҳуров бо Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат гирифт. “Сиёвуш тавассути радабандии қоравии гурӯҳи махсуси Кумитаи байналмилалии олимпӣ оид ба бокс имкони иштирок дар 32-юм Бозиҳои Олимпиадаро дар вазни +91кг пайдо намуд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи нашршуда дар сомонаи Кумитаи миллии олимпӣ.
Бино ба ин манбаъ, ба сабаби пандемияи коронавирус гурӯҳи махсуси Кумитаи байналмилалии олимпӣ оид ба бокс мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳонро барҳам дода, квотаҳои пешбинишударо тибқи радабандӣ тақсим намуд ва дар натиҷа, яке аз роҳхатҳо насиби Сиёвуш Зуҳуров шудааст.

Сиёвуш Зуҳуров иштирокчии аввалин Бозиҳои олимпии наврасон – Сингапур-2010 буда, дар бисёр мусобиқаҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои намоён гаштааст. Ӯ ахиран дар Чемпионати Осиё-2021, ки дар Дубай доир шуд, ҷои панҷумро сазовор гардид.
Бег Сабур
Сиёвуш Зуҳуров писари дуюми Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва қудои президенти Тоҷикистон мебошад. Бег Сабур дар умум 4 писар дорад. Писари калонии ӯ Рамз Зуҳуров ба Заррина, духтари шашуми президент Эмомалӣ Раҳмон ва муовини раиси “Ориёнбонк” издивоҷ кардааст. Бег Сабур аз ибтидои солҳои 2000, қариб 20 сол боз роҳбарии соҳаи алоқаи Тоҷикистонро дар даст дорад ва ҳамчунин ширкати бузурги сохтмонии “Комил-2010” -ро мечархонад. Ин ширкат дар Душанбе ва Кӯлоб биноҳои бисёрқабата месозад.
Ҳамин тариқ, баъди ба Токио роҳхат гирифтани Сиёвуш Зуҳуров шумораи аъзои ҳайати олимпии Тоҷикистон ба 11 нафар расид: Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (ҳар се бокс), Гулсумбӣ Шарифова, Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (ҷудо) ва Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишанов (шиноварӣ).
Бозиҳои олимпии Токио-2020 бо таъхири яксола аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешавад. Соли гузашта ин Олимпиада ба далели пандемияи коронавирус доир нашуд.
Соли 2016 дар Рио-де-Жанейро тими олимпии Тоҷикистон бо шарофати пирӯзии гурзандоз Дилшод Назаров  як нишони тилло ба даст овард. Вале Дилшод Назаров дар пайи як моҷарои допинг ҳаққи иштирок дар Олимпиадаи Токиоро аз даст дод. Худи варзишгар мутмаин аст, ки қурбони бозиҳои пасипардагӣ шудааст, вале натавонист дар додгоҳи варзишӣ дар Швейтсария ҳақ будани худро исбот кунад.
Сиёвуш Зуҳуров ва мураббиаш Парвиз Ахмедов

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.