расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ДИЛБАР: ХУШДОМАНАМ САРАМРО ЗАДА КАФОНД!

. / Ҷомеа

ДИЛБАР: ХУШДОМАНАМ САРАМРО ЗАДА КАФОНД!

Ману Муҳсин ҳамдигарро дӯст дошта хонадор шудем. Аз рӯзи аввали зиндагиамон шавҳарам ба ман гуфта буд, ки модарам каме сахтгир аст, аз гапҳои он кас наранҷ, чизе гӯянд, хуб гӯй.
Ин гапҳоро дар гӯшам ҳалқа карда, кӯшиш мекардам, ки ҳама кору бори хонаро сари вақт ба анҷом расонам, то модаршӯям дар ҳаққам ягон гап наёбад, вале аз тӯямон як моҳ нагузашта, хушдоманам маро ба ҳамсояҳо бад карда гуфтааст: “келинам духтари чалфас ва хоболуд аст, аз дасташ ягон кор намеояд...”
Бадгӯиҳои хушдоманамро шунида хун ба сарам зад, вале хотири шавҳарам худро ба даст гирифта ба хубӣ аз модаршӯям хоҳиш кардам, ки минбаъд айбамро ба рӯям гуфта, сирри хонадонро набарорад. “Ту тирмизак бо як тика ҷонат ба ман ақл нишон медиҳӣ?! Ҳоло ист, агар пою қадаматро аз ин хонаву дар наканам, модари ҳашт фарзанд набошам!” гӯён, кампир сатили холиро ба сӯям ҳаво дод.. Агар намегурехтам, сатил ба сарам зада майнаамро пош медод. Ба шавҳарам занг зада, рафтори модарашро гуфтам, бечора талхакаф шуда, кору борашро партофта омад. “Ин саги бе занҷири овардаатро аз ин хона зудтар дафъ кун, дигар рӯи хунуки ин шаттоҳро дидан намехоҳам”,- маро ба ҳайвон баробар карда, амр намуд хушдоманам ба писараш.
Бо сари сафедатон дурӯғ нагӯед, оча, худатон маро дар назди ҳамсояҳо ғайбат карда ин моҷароро хезондед,-гуфта будам, ки модаршӯям бештар оташ гирифт.

Шавҳарам маро дашном дода, ба хона даро мегуфт, вале рафтори модаршӯям аламамро оварда, дигар худро ба даст гирифта наметавонистам. Ҳарду хеле баландравӣ кардем. Модаршӯям аз писараш талаб кард, ки ҷавоби маро диҳад, вале шавҳарам розӣ нашуд.
-Ту талоқ карда натавонӣ, ин корро ман ба ҷойи ту мекунам! Хонаву дарамро ҳаром кардӣ, фоҳишаи ҷодугар, аз тани писарам туро се талоқ кардам! Зуд бору буғчаатро гиру аз ин хона дафъ шав,-гӯён, хушдоманам маро талоқ дод.

Дигар ба рӯйи очаю бача нигоҳ накарда тамоми либосҳоямро ҷамъ карда ба хонаи падару модарам омадам. Шавҳарам борҳо барои бурдани ман омада бошад ҳам, дигар пою қадамамро ба хонаашон нагузоштам. Мехоҳам бо воситаи сомонаи Оила. ТҶ ба Муҳсин бигӯям:
Мардак, танҳо бо як шарт ман зиндагиро бо ту давом медиҳам-хонаи алоҳида мегирӣ, то аз модарат ҷудо зиндагӣ кунем! Ҳамин шарти маро қабул карда тавонӣ, хуб, натавонӣ, ҳаволаат ба Худо, тавре ки мегӯянд, Исо ҳам бо роҳи худу Мӯсо ҳам бо роҳи худ! Ман умри ҷавонамро қурбони ҷангу ҷидоли бемаънии модари ту карданӣ нестам!!!
Ҳамсарат Дилбар



Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.