расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз ба иди ҳақиқии китоб табдил ёфт

. / Ҷомеа

Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз ба иди ҳақиқии китоб табдил ёфт

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, ба муносибати Рӯзи китоб ва Рӯзи истиқлолияти давлатӣ аз субҳи барвақт дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» Рӯзи дарҳои боз оғоз гардид, ки он то 3 сентябр идома меёбад.
То кунун садҳо нафар донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат аз он боздид намуданд, ки онҳоро кормандони Китобхонаи миллӣ  ба толорҳои хониш раҳнамоӣ намуданд. Ҳамзамон ба онҳо роҳҳои ҷустуҷӯи адабиёт ва дархости китобро нишон дода, бо намудҳои хизматрасониҳои гуногуни китобхона аз наздик ошно намуданд.
Муовини якуми директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабова зикр кард, ки намоиши Рӯзи дарҳои боз тӯли ду рӯзи дигар низ идома меёбад ва ҳар нафаре, ки ба ин ганҷинаи гаронбаҳои миллат қадам ранҷа мекунад, роҳбаладони махсус ба онҳо роҷеъ ба таърихи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, хизматрасониҳои муассиса ва осорхонаҳои китобхона  маълумоти муфассал медиҳанд. Ба иттилои муовини якуми директори Китобхонаи миллӣ, дар муассиса курсҳои забономӯзӣ ба роҳ монда шудаанд ва хоҳшмандон имкон доранд худро дар курси забонҳои англисӣ, русӣ, немисӣ, арабӣ, куриёгӣ ва чинӣ  номнавис кунанд.
То нимаи рӯзи якуми сентябр аллакай донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои зиёд ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва умумии пойтахт дар ин макон дар бораи ганҷинаи пурғановати меҳан — «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» иттилоъ гирифтанд.
Рӯзи дарҳои бозе, ки дар Китобхонаи миллӣ ба муносибати Рӯзи китоб ва ҷашни умумимиллии истиқлол роҳандозӣ шудааст, ҷашнгоҳи воқеии китобро мемонад. Аз донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат устодону донишҷӯёне, ки соли ҷорӣ номи пуршарафи донишҷӯиро соҳиб гардиданд, ба ин даргоҳ омада, аз наздик бо хизматрасониҳои Китобхона ва адабиёти тозанашри ин муассиса шинос шуданд.
Декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Зафари Шариф аз зумраи устодоне буд, ки бо шогирдони хеш аз ин ҷашни китоб дидан намуд. Мавсуф зимни суҳбат баён дошт, ки «ҳамасола дар арафаи Рӯзи китоб ва ҷашни миллии Истиқлолияти мамлакат дар Китобхонаи миллӣ баргузории чорабиниҳои мухталифу мизҳои мудаввар ба ҳукми анъана даромадааст. Ин ҷашн иди мо, китобдорон мебошад ва мо бо донишҷӯёни факултет ҳамасолаба он меоем, то аз навгониҳои соҳа ва китобҳои тозанашр огоҳӣ пайдо намоем».
Тавре зикр доштем, дар намоише, ки ба ифтихори Рӯзи китобу ҷашни Истиқлол роҳандозӣ шудааст, дар он китобҳои тозанашри ҷумҳурӣ ва китобҳое, ки аз ҷониби Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба нашр расидаанд, ба маърази дид гузошта шуданд.
Китоби «Бохтар»  аз ҷумлаи осори тозанашре мебошад, ки дар доираи силсилаи «Тоҷнома» ба тозагӣ рӯйи чоп омадааст ва ба маърази тамошо гузошта шудааст. Ин китоби тозанашр аз ҷониби Маркази тоҷикшиносии Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳия ва ба нашр расидааст. Тавре сардори Маркази тоҷикшиносӣ Манижабону Убайдуллоева иттилоъ дод, ин китоби дуҷилда бо андешаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад.
Дар ҷилди аввали он бахше аз китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” ба ҷои сарсухан ва дар ҷилди дуюм бахше аз китоби “Забони миллат — ҳастии миллат” ба ҷои пешгуфтор оварда шудааст.  Қисматҳои баъдӣ аз осори муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ, аз ҷумлаи Б. Ғафуров, Ю. Яъқубшоҳ С. Назарзода, А. Лаълзод, В.М.Массон., В.И. Сарианидӣ, И.Р. Пичикян., Л. Т.Пянкова., И. В. Пянков., И.М. Оранский., ки марбут ба фарҳангу забони бохтариянд, фароҳам омадаанд. Ин қисматҳо як даврони комили таърихии фарҳанги миллати тоҷикро дар бар гирифта, аз маълумоти зиёди судманд оид ба расму ойин, урфу одат ва маданияти шаҳрдории тоҷикон дар асрҳои дур бо шавоҳиди таърихӣ ба таври возеҳу равшан  иборат аст. Тавре Манижа Убайдуллоева баён дошт, яке аз ҳадафҳои Маркази тоҷикшиносӣ низ таҳия ва ба нашр расонидани силсилаи китобҳои «Тоҷнома» (Тоҷикон дар масири тамаддун) мебошад, ки мероси хаттии тоҷиконро аз аҳди бостон то даврони истиқлоли Тоҷикистон ва таҳқиқоти дар мавриди таърихи тоҷикон анҷомёфтаро дар бар мегирад. Силсилаи мазкур бо ҳидоят ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чоп мерасад.
Мақсад аз баргузории Рӯзи дарҳои боз ҷалби таваҷҷуҳи омма ба китоб ва  китобхонӣ аст. Роҳандозии ин гуна рӯзҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромада, дар ҳамаи ҷашнҳои миллӣ меҳмонону сокинони мамлакат имкон пайдо мекунанд бо толорҳои хониши китобхона аз наздик шинос шаванд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар саросари Тоҷикистон 4 сентябр Рӯзи китоб бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Ҳанӯз 12 сол қабл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни гузоштани санги асос ба  бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон ин ҷашнро эълон намуда, иброз доштанд, ки «бо дарназардошти аҳамияти бузурги китобу китобдорӣ ва донишу маърифат пешниҳод менамоям, ки дар қатори идҳои дигар рӯзи оғози сохтмони Китобхонаи миллӣ ҳамчун Рӯзи китоб муқаррар карда шавад» Аз он ба баъд ҳамасола дар ҷумҳурӣ Рӯзи китоб бо шукуҳу ҷалоли хоса таҷлил карда мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.