расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА ВА ТАФСИЛОТИ МАРГИ ФОҶИАВИИ 6 УЗВИ ЯК ХОНАВОДА ДАР МӮЪМИНОБОД

Ҷомеа / Ҳаводис

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА ВА ТАФСИЛОТИ МАРГИ ФОҶИАВИИ 6 УЗВИ ЯК ХОНАВОДА ДАР МӮЪМИНОБОД

Сокинони Мӯъминобод ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” як видеои кӯтоҳ аз маҳалли садамаи пурқурбонии рӯзи 22 май дар роҳи Кӯлоб – Мӯъминободро, ки боиси марги 6 узви як хонавода аз деҳаи Фурӯзобаи ҷамоати Боғгаии  ноҳияи Мӯъминобод  шуд,  фиристоданд. Онҳо ҳамчунин бархе ҷузъиёти ин фооҷиаи талхро қисса карданд.
Тавре қаблан хабар додем, рӯзи 22 май 6 узви як хонавода – як модар бо ду писару як духтар ва келину набераи ҳафтсолааш ҳангоми ба тӯй рафтанашон дар роҳи Кӯлоб – Мӯъминобод бар асари ба мошини боркаш бархӯрдани мошинаш ҷон бохтанд.
Дар видео дида мешавад, ки бар асари бархӯрд бо мошини боркаш қисмати пеши мошини рангаш сабзи ин хонаводаи бетақдир комилан тикаву пора шудааст ва ин ҳама қисматҳои тикаву пора шудаи мошинро бо брезент пӯшондаанд.
Ба гуфтаи сокинони Мӯъминобод, Фарҳоди Назрӣ, соли таваллудаш 1984, ки дар ин садама ҳамроҳи зану фарзанди ҳафтсолааш ҷон дод, тоза рӯзи 9 май аз Русия баргашта буд. Дар садама ҳамчунин бародари ӯ Дилшоди Назрӣ, соли таваллудаш 1983, як хоҳар ва модараш Хадиҷа низ ба ҳалокат расиданд.
Ҳамсуҳбатони “Бомдод” гуфтанд, ки ин ҳодиса дар ҳудуди ноҳияи Мӯъминобод дар мавзеи Толеъ рӯй додааст. “Аз қазо, толеи ин хонавода дар мавзеи Толеъ бетолеӣ кард ва дар як рӯз аз ин оила якбора 6 тобут бароварданд”, – гуфтанд онҳо.
Ҳамсуҳбатони “Бомдод” гуфтанд, қурбониёни ин садама ҳама аз оилаи раҳматии Назрӣ буданд. Акаи Назрӣ худ соли 2007 ба иллати бемории саратон аз дунё рафта буд.
Як рӯз пеш Зафар Шарифзода дар Фейсбук хабар дод, ки рӯзи 22 май бар асари садамаи нақлиётӣ дар роҳи Кӯлоб – Мӯъминобод 6 узви як хонавода аз деҳаи Фурӯзобаи ҷамоати Боғгаии ноҳияи Мӯъминобод  ҷон бохтаанд. “Модари дар қалб ҳазорҳо орзудошта бо ду писару як духтараш ва келину набераи 7-солааш, ки дар айёми ҷавонӣ буданду аз дунё чизе надида буданд, мехостанд дар тӯйи яке аз ақрабояшон иштирок намоянд, вале мутаассифона марг нагузошт ва дар роҳ мошини онҳо бо мошини боркаш (камаз) бар хӯрда, ҳамагӣ ба ҳалокат расиданд. Акнун аз ин оилаи бузург ҳамагӣ як писар боқӣ монд.  Бисёр талх ва аламовар буд, ҳангоми дидани 6 тобут дар як ҳавлӣ…” – навишт Зафар Шарифзода.
Ҳар сол дар роҳҳои Тоҷикистон бар асари садамаҳо то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.
Модари дар қалб ҳазорҳо орзудошта бо ду писару як духтараш ва келину набераи 7-солааш, ки дар айёми ҷавонӣ буданду аз дунё чизе надида буданд, мехостанд дар тӯйи яке аз ақрабояшон иштирок намоянд, вале мутаассифона марг нагузошт ва дар роҳ мошини онҳо бо мошини боркаш (камаз) бар хӯрда, ҳамагӣ ба ҳалокат расиданд.
Худо раҳматашон намояд.🤲 Онҳо аз Ҷамоати деҳоти Боғгаӣ – деҳаи Фурузобаи ноҳияи Мӯъминобод буданд.
Акнун аз ин оилаи бузург ҳамагӣ як писар боқӣ монд.
Бисёр талх ва аламовар буд, ҳангоми дидани 6 тобут дар як ҳавлӣ…😢
Худо ҳамаи мову Шуморо нигаҳбон бошад!
Афсус, ки марг – амри тақдир аст …


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.