расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ҶАНГИ ТАНБАТАНИ БАҲРОМУ ДАЛЕР ВА ДУ БОР ПАХШ КАРДАНИ НАЗИР БО “МЕРСЕДЕС” БА ДУРБИНИ ВИДЕО АФТОДААСТ

Ҷомеа / Ҳаводис

ҶАНГИ ТАНБАТАНИ БАҲРОМУ ДАЛЕР ВА ДУ БОР ПАХШ КАРДАНИ НАЗИР БО “МЕРСЕДЕС” БА ДУРБИНИ ВИДЕО АФТОДААСТ

Ҷараёни як муноқишаи шадид дар кӯчаи Ҷалолиддини Румии шаҳри Хуҷанд дар таърихи 5 апрели соли 2021 ба дурбини яке аз видеокамераҳои назоратӣ афтодааст ва ба ин сабаб ба мақомот ба осонӣ муяссар шуд, ки иштирокчиёни ин муноқишаро муайян ва дастгир кунанд.
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон шоми 19 май ин сабтҳои видеокамераи назоратиро дар нашри навбатии барномаи “Ахбори ВКД” нашр кард.
Бино ба шарҳи Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД вилояти Суғд, дар ҷараёни муноқиша дар кӯчаи Ҷ.Румӣ нафақат аз мушту лагат, балки аз воситаи нақлиёт ба ҳайси олати ҷароҳатрасонанда истифода шудааст.
Рӯзи 5 апрел, тахминан соати 16:10, Мирбобоев Баҳром Зикруллоевич, с.т. 1984, ва Ҳасанов Далер Набиҷонович, с.т. 1996,  бо ҳам муноқиша кардаанд. Сокинони маҳалла ва раҳгузарон Баҳрому Далерро, ки аз гиребони якдигар гирифта буданд, халос мекунанд ва онҳо хона ба хона мераванд.
Вале Назир Ҳасанов, амаки Далер аз ҳодиса хабар ёфта, ҳамроҳи ҷиянаш барои идомаи “разбор” ба хонаи Баҳром мераванд. Ва аммо ин боиси аз нав аланга гирифтани ихтилоф мешавад ва Баҳром Мирбобоев мошини “Мерседес”-ашро ба ҳаракат карда, ду маротиба Назирро бо мошин пахш мекунад.
Дар видео дида мешавад, ки мошини “Мерседес”-и рангаш нуқрагун як нафарро ба масофаи чанд метр кашола мекунад ва сипас ҷабрдида аз болои мошин ба рӯи роҳ меафтад. Вале дар ҳоле ки ӯ дар рӯи роҳ хобида буд, ронанда мошинашро боз ба қафо меронад ва ҷабрдидаро аз нав пахш мекунад.
Акбар Шарифӣ гуфт, дар натиҷа Назир Ҳасанов осеби миёна ба саломатӣ бардоштааст.
Нисбат ба Баҳром Мирбобоев ва Далер Ҳасанов дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми авбошӣ кушода шуда, ҳардуро ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд. Ба онҳо бар асоси моддаи 237 КҶ ҶТ ҳамчун ҷазо аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.