расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ҲАРДУ “ИМОМИ ХУЛИГАН”-РО АЗ ИМОМАТӢ БАРКАНОР КАРДААНД (ВИДЕО)

Ҷомеа / Дин

ҲАРДУ “ИМОМИ ХУЛИГАН”-РО АЗ ИМОМАТӢ БАРКАНОР КАРДААНД (ВИДЕО)

еъматзода, аз мақоми имоми масҷиди ҷомеи ба номи “Ҳазрати Муҳаммад (С)”-и деҳаи Саховати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ва писари ӯ Азаматуллои Ҷамонулло аз мақоми имоми масҷиди панҷвақтаи ба номи “Эшони Исматулло”-и деҳаи Дарёбоди деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ барканор карда шуданд. Афшини Муқим навишт, ин қарорҳо дар ҷаласаҳои ҳайъати муассисони ин ду масҷид қабул шуда, Азаматуллои Ҷамонулло “бо хоҳиши худаш”, вале падари ӯ Ҷамонулло Неъматзода “бинобар вазъи саломатӣ, розигии шифоҳӣ, риоя накардани талаботи низомномаи масҷид ва шартномаи ҳамкориву хизматрасонӣ вобаста ба тарбияи ахлоқию маънавӣ” аз имоматӣ ронда шуданд. Маълум нест, ки ба ҷои Мулло Ҷамолиддин киро таъйин кардаанд, вале ба ҷои писари ӯ ҳайъати муассисон ба мақоми имоми масҷиди Дарёбод хатмкардаи Донишкадаи исломӣ Асрориддин Касировро интихоб кардаанд.
Исми ин падару писар ахиран дар робита ба видеои муноқишаву дашномдиҳиашон дар масҷиди Дарёбод расонаӣ шуд. Ба гуфтаи шоҳидон, намозгузорон мухолифи ба имоматии ин масҷид нишондани Азаматулло, маъруф бо номи Аъзам, писари Мулло Ҷамолиддин буданд, чунки ӯ ахиран бо иттиҳоми дуздӣ аз хонаи падарарӯсаш ҳабс шуда буд ва ҳарчанд дар ивази 100 ҳазор сомонӣ пора аз ҷавобгарӣ халос шуд, вале мардум намехост таҳти роҳбарии нафаре, ки бо дуздӣ бадном шудааст, намоз бихонад. Аммо Мулло Ҷамолиддин ва писараш мардумро дашном дода, таҳдид карданд, ки ҳамаашро ҳамчун “салафӣ” ва “наҳзатӣ” ба мақомот месупоранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.