расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Наздиконаш гуфтанд, 1500 сомонӣ ҷарима боис ба худкушии марди 51-сола шуд. Мақомот намепазиранд

Ҷомеа / Ҳаводис

Наздиконаш гуфтанд, 1500 сомонӣ ҷарима боис ба худкушии марди 51-сола шуд. Мақомот намепазиранд

Аъзои як оила дар деҳаи Қӯрғончаи шаҳри Конибодом иддао доранд, ки падари хонадон Норматҷон Исоеви 51-сола пас аз он ки ба шикори ғайриқонунии моҳӣ айбдор ва 1500 сомонӣ ҷарима шуд, худро ба дор овехтааст.
Ӯ на аз мизони ҷарима, балки аз он афсурда буд, ки бе ҳеч гуноҳ ҷарима бастанд ва касе намехоҳад арзашро шунавад.Карима Исоева
Мақомот мегӯянд, нисбат ба Исоев барои дар "маҳалли тухммонии моҳӣ" чарондани чорво санад тартиб дода буданд, ки ҳадди аксар 300 сомонӣ ҷарима дошт ва наметавонист, сабаби худкушии ӯ шавад.

"Хеле озурдаву афсурда буд"

Ҷасади Норматҷон Исоевро рӯзи 12-уми апрел дар оғили хонааш пайдо кардаанд. Карима Исоева, ҳамсари ӯ, рӯзи 16-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, пеш аз он ки шавҳараш қасд ба ҷони худ кунад, "хеле озурдаву афсурда буд".
"Чанд рӯз пеш говро барои чарондан ба он сӯйи дарёи Сир гузаронд. Ҳини баргаштан ва убури дарё нозирони ҳифзи муҳити зист дастгир карда, пурсидаанд, ки чаро дар мавсими тухмгузорӣ моҳӣ шикор мекунад. Баёноту аксашро гирифтаанд", -- нақл кард Исоева.
Ҳамсуҳбати мо афзуд, нозири ҳифзи муҳити зист субҳи 12-уми апрел Норматҷон Исоевро барои суҳбат ба идора дар маркази шаҳри Конибодом даъват кардааст: "Вақте аз назди нозир омад, хеле диққат (зиқ, афсурда) буд ва заминро нигоҳ карда менишаст. Гуфт, маро ҷарима карданд, насупорем суд (муҳокима) мекунанд."
Ба нақли Исоева, нозирон шавҳарашро 1500 сомонӣ ҷарима бастанд, аммо ба гуфтаи ӯ шавҳараш на аз мизони ҷарима, “балки аз он афсурда буд, ки бе ҳеч гуноҳ ҷарима карданд ва касе намехоҳад арзашро шунавад."
Пас аз дарёфти ҷасад мақомот онро барои ташхис бурда, бегоҳи 12-уми апрел ба хок супурдаанд.
Наздикон мегӯянд, Исоев пештар ба Русия рафта меомад, вале солҳои охир дар зодгоҳаш кишоварзӣ мекарду хонавода аз ҳисоби кишти полезиҳо ва парвариши чорво рӯзи худро мегузаронд.

Мақомот: Сабаби худкушии ӯ "рейд"-и нозирон нест

Дар ҳамин ҳол, мақомот қазияро ба шеваи дигар шарҳу тафсир медиҳанд ва исрор доранд, ки ба ҷавобгарӣ кашидани Исоев сабаби худкушии ӯ нест, балки ба бовари онҳо “ноҷуриҳо дар оила боис шудааст ӯ қасди ҷони худ кунад”. Аммо дар ин замина тавзеҳе надоданд.
Масъулини Раёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд мегӯянд, Исоевро на барои моҳидорӣ, балки барои дар минтақаи мамнуъ чаронидани чорво ба ҷавобгарӣ кашиданӣ буданд.
Хуршедҷон Саидов, сармутахассиси сиёсати экологии Раёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, рӯзи 19-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ қазияи Исоевро чунин тафсир кард:
  • "Нозирони мо ҳангоми рейд дар наздикии ҷазираи “Борисовка” Исоевро мебинанд. Он ҷо макони тухмгузории моҳӣ аст. Мол чаронидан мумкин нест. Ин кас (Исоев) он ҷо мол чаронидаанд. Барои ин кор “санади аз назаргузаронӣ” тартиб дода, баёнот мегиранд. Ин санадҳоро барои чораҷӯйӣ ба шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом месупоранд."
Ба гуфтаи Саидов, Исоев ҳамроҳи завҷааш ба идораи ҳифзи муҳити зисти ноҳия ҳозир шудааст: "Завҷаи ӯ шӯру мағал бардошта, қатъиян талаб мекунад, ки санад ва баёноти шавҳарашро нобуд кунанд. Масъулон мегӯянд, сандаро баррасӣ карда, аз натиҷааш баъдан ба онҳо хабар медиҳанд."
Ин масъули Идораи ҳифзи муҳити зист иддао дорад, ки дар сурати то поён баррасӣ шудани кирдори Исоев ӯро 300 сомонӣ метавонистанд ҷарима банданд ва ин наметавонад сабаби худкушӣ бошад.

Ҷарима ва худкушии баъзе аз сокинон

Кимсан Эркаев, раиси пешини маҳаллаи Қӯрғонча, мегӯяд, дар маросими дафни Норматоҷон Исоев ширкат дошт ва аз марги нобаҳангоми ӯ ҳайратзада шуд, чунки чанд рӯз қабл ӯро бардаму болидарӯҳ дида буд.
“Норматҷонро аз хурдӣ мешиносам, бисёр шахси хуб буд. Чаҳор фарзанд дорад, писари калонаш соҳиби маълумоти олӣ аст. Худаш колхозчӣ буд, кишоварзӣ мекард. Ман 8 сол раиси маҳалла будам, дар ҳашару корҳои ободонии деҳа бисёр фаъол буд”, -- нақл кард ӯ.
Моҷарои Исоев бо нозирон дуруст дар ҳамон шабу рӯзе иттифоқ афтод, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон эълон кард, дар дарёҳо ва обанборҳои кишвар аз 1-уми апрел то 15-уми июн, яъне давраи тухмгузорӣ, моҳидорӣ манъ аст. Кумита гуфта буд, дар ин муддат аз ҷониби масъулон рейдҳо баргузор хоҳанд шуд.
Зимнан дар гузашта дар вилояти Суғд ҳодисаҳои монанд ба қазияи Норматоҷон Исоев рух дода буд. Аз ҷумла, моҳи июни соли 2018, пас аз он ки нозирони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (ГАИ) Олимхӯҷа Муҳаммадиев, сокини ҷамоати Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расуловро 12 500 сомонӣ ҷарима бастанд, ӯ худро ба дор овехта, худкушӣ кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.