расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » РӮҲОНИИ ЗАБОНДОНИ ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ҲАЗРАТИ АБДУЛҲАЙ ИМОМ–ХАТИБИ МАСҶИДИ МАРКАЗИИ ХАБАРОВСК ТАЪЙИН ШУД

. / Ҷомеа

РӮҲОНИИ ЗАБОНДОНИ ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ҲАЗРАТИ АБДУЛҲАЙ ИМОМ–ХАТИБИ МАСҶИДИ МАРКАЗИИ ХАБАРОВСК ТАЪЙИН ШУД


Бори аввал як зодаи Тоҷикистон дар Русия ба мақоми имом-хатиби масҷиди марказии як минтақаи бузург таъйин шуд. Рӯзи 13 апрел, дар рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон, муфтии аъзами муфтиёти мусалмонони минтақаҳои осиёии Русия (ДУМАЧР) ҳазрати Нафиқулло Аширов бо пешниҳоди муфтии минтақаи Шарқи Дур ҳазрати Рамазон Алиев зодаи Тоҷикистон ҳазрати Абдулҳай Имонқуловро имом-хатиби масҷиди марказии кишвари Хабаровск таъйин кард.
Ҳазрати Абдулҳай Имонқулов, миллаташ лақай, соли 1982 дар Тоҷикистон ба дунё омада, ҳоло шаҳрванди Русия мебошад. Абдулҳай исми дуюми ин рӯҳонӣ буда, номи расмиаш дар шиноснома Имонқулов Ҷумъаназар Худойназарович аст. Ӯ зану 6 фарзанд дорад ва бино ба иттилои маркази матбуоти ДУМАЧР, ба дастикам 10 забон: русӣ, арабӣ, ӯзбекӣ, тоҷикӣ, қирғизӣ тоторӣ, туркӣ, озарӣ, хитоӣ ва англисӣ балад мебошад. ДУМАЧР ҳазрати Абдулҳайро пайрави мазҳаби Ҳанафӣ ном бурдааст.
Бино ба иттилои ин манбаъ, ҳазрати Абдулҳай солҳои зиёдро сарфи омӯзиши дини Ислом карда, 6 соли аввал дар Тоҷикистон таҳсил кардааст ва баъдан Донишкадаи исломии шаҳри Октябри ҷумҳурии Бошқирдистон ва мадрасаи Буинро дар Тотористон ба поён овардааст. Ӯ ҳамчунин Донишгоҳи федералии Шарқи дурро бо ихтисоси забонҳои хитоӣ ва англисӣ хатм карда, соҳиби маълумоти олии дунявӣ низ мебошад.
Ҳазрати Абдулҳай Имонқулов аз соли 2007 то 2014  дар мақоми имоми масҷиди шаҳри Уссурийски кишвари Приморйеи Русия ва сипас се сол дар Маскав хидмати дин карда, аз соли 2016 то 2020 дар мақоми имоми масҷиди шаҳри Стрежевойи вилояти Томск хидмат кардааст.
Ҳазрати Абдулҳай соли 2021 ба Шарқи дур баргашта, як муддати кӯтоҳ ба ҳайси ёвари муфтии Шарқи дур хидмат кард ва 13 апрел имом-хатиби масҷиди марказии кишвари Хабаровск таъйин шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.