расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » МИСЛИ СЕРИАЛҲОИ ТУРКӢ: ДАР БОХТАР ЯК МАРДРО БАРОИ “ЗИНО” ГАРАВГОН ГИРИФТААНД

. / Ҷомеа

МИСЛИ СЕРИАЛҲОИ ТУРКӢ: ДАР БОХТАР ЯК МАРДРО БАРОИ “ЗИНО” ГАРАВГОН ГИРИФТААНД


4 сокини шаҳри Бохтар бо иттиҳоми ғайриқонунӣ маҳкум кардан аз озодӣ дастгир шудаанд. Бино ба фарзияи ВКД, сокини 45-солаи шаҳри Бохтар ҳамсари 37-солаи бародарашро ба доштани муносибати маҳрамона бо як марди 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён гумонбар шуда,  тибқи маслиҳати пешакӣ ҳамроҳи се шарикаш – мардони 32, 27 ва ҷавони 25-солаи низ сокинони шаҳри Бохтар- рӯзи 21 март, соати 15:30, мошини ин мардро дар деҳаи Ғайрати ҷамоати Заргар манъ карда, ӯро аз мошин берун баровардаанд.
“Сипас, бархилофи ирода ва хоҳишаш ӯро ба автомашинаи тамғаи “Тoйота-Камри” савор карда, ба ҳуҷраи манзили истиқоматии хоҳараш, воқеъ дар шаҳри Бохтар бурда, дар онҷо нисбаташ зӯроварӣ нишон дода, дасту пойҳояшро баста, ҷароҳати ҷисмонӣ расонида, зиёда аз 3-соат ӯро ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардаанд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи маркази матбуоти ВКД.
Нисбати ба гумонбаршавагдагон бар асоси қисми дуюми моддаи 131-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷкистон бо иттиҳоми ғайриқонунӣ озод кардан аз озодӣ аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Бар асоси ин банди қонун ба ин 4 сокини Бохтар ҳамчун муҷозот аз 3 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.
Назари худи дастгиршудаҳо ба иттиҳоми ба зиддашон эълоншуда дастрас нест.
Вақтҳои охир дар Интернет видеоҳои зиёди муҷозоти худсаронаи занону мардон барои алоқаҳои маҳрамонаи ғайришаръӣ нашр мешаванд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 15 апрели маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ошкор гардидани ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 45-солаи сокини шаҳри Бохтар аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо мардони 32, 27 ва ҷавони 25-солаи сокинони шаҳри мазкур, бо мақсади исбот намудани ҳолати муносибати маҳрамона доштани ҳамсари бародараш зани 37-солаи сокини ҳамин шаҳр, бо марди 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён, рӯзи 21-уми марти соли 2021, тахминан соати 15:30-дақиқа, автомашинаи ҷабрдидаро дар деҳаи Ғайрати ҷамоати деҳоти Заргар манъ карда, ӯро аз автомашинааш берун баровардаанд.
Сипас, бархилофи ирода ва хоҳишаш ӯро ба автомашинаи тамғаи “Тайота-Камри” савор карда, ба ҳуҷраи манзили истиқоматии хоҳараш, воқеъ дар шаҳри Бохтар бурда, дар онҷо нисбаташ зӯроварӣ нишон дода, дасту пойҳояшро баста, ҷароҳати ҷисмонӣ расонида, зиёда аз 3-соат ӯро ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардаанд.
Нисбати гумонбаршавагдагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 131 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷкистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ бидуни гирифтани иҷозатнома

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Шаҳритуси ноҳияи Шаҳритус бо гумони соҳибкории ғайриқонунӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, зиёда аз 2-сол то инҷониб дар ноҳияи Шаҳритус ба фаъолияти соҳибкорӣ бидуни бақайдгирӣ ва иҷозатномаи махсус (литсензия) дар ҳолатҳое, ки чунин иҷозат ҳатмӣ мебошад, ба хизматрасонии техникӣ ва таъмир намудани нақлиёти автомобилӣ машғул шудааст.
Рӯзи 7-уми апрели соли 2021, нуқтаи хизматрасонии техникӣ ва таъмири воситаҳои нақлиёти гумонбаршаванда санҷида шуда, муайян карда шуд, ки ӯ аз ҳар як соҳиби воситаи нақлиёт ба маблағи аз 2500 то 4000-сомонӣ фоида ба даст оварда, онро ба манфиати шахсиаш сарф карда, дар умум ба давлат 96 ҳазор сомонӣ зарари махсусан калон расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 259 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.