расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ПАЙДО ШУДАНИ ҶАСАДИ БОЗ ЯК ҶАВОНЗАН АЗ КӮҲҲОИ ЛЕВАКАНТ (ВИДЕО)

Ҷомеа / Ҳаводис

ПАЙДО ШУДАНИ ҶАСАДИ БОЗ ЯК ҶАВОНЗАН АЗ КӮҲҲОИ ЛЕВАКАНТ (ВИДЕО)


Дастаи махсуси раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон рӯзи 13 апрел аз баландии беш аз 2 ҳазор метр аз як кӯҳи атрофи деҳаи Зағертии ҷамоати Ваҳдати шаҳри Левакант ҷасади боз як ҷавонзани 23-соларо пайдо карда, тавассути як пайроҳаи танги шашкилометрӣ пойин овардаанд.
Дар ин ҳафта ин алакай дуюмин ҷасад аст, ки аз кӯҳҳои атрофи Зағертӣ пайдо мекунанд. Рӯзи 12 апрел наҷотбахшон аз баландии 1500 метр ҷасади як духтари 16-солаи сокини ҷамоати Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро пайдо карда, пойин оварда буданд.
Маълум мешавад, ҷавонзани рӯзи 13 апрел ёфтшуда низ аз ҷамоати Ифтихори ноҳияи Ҷомӣ будааст.
Сабаби марги ин ҷавонзан ва он духтари ноболиғ маълум нест. Рӯшан нест, ки онҳо дар кӯҳ бар асари ягон тасодуф ё гум кардани роҳ ҷон бохтаанд, худкушӣ кардаанд ваё кушта шудаанд?
Наҷотбахшон ҳарду ҷасадро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Леваканд супурдаанд ва бояд акнун мақомоти тафтишотӣ сирри ҳалокати ин зану духтарро ошкор кунанд.
Ба гуфтаи сокинон, духтаре, ки рӯзи аввал ёфт шуд, хонандаи синфи 9 буда, ҳанӯз ду моҳ пеш ҳамроҳи як ҷавонзан дар кӯҳ бедарак шуда буд. Дар видеое, ки Радиои Озодӣ нашр кард, дида мешавад, ки чӣ гуна наҷотбахшон ҳамроҳи сокинони маҳаллӣ ҷасади духтарро аз кӯҳ пойин меоранд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳадс задааст, ки онҳо шояд ҳамшира бошанд.
Ба назар мерасад ду ҳамшира дар як макон ҳалок шудаанд. Бино ба иттилои  Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон  рӯзи гузашта, 13-уми апрел сокинони деҳаи Зағертии шаҳри Левакант аз пайдо шудани боз як ҷасад дар баландии бештар аз 2000 метр хабар доданд.
Дастаи махсуси наҷоти Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ҳамроҳ бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд. Ҷасадро аз баландӣ, бо роҳҳои душворгузари кӯҳӣ, ки ҳудудан 6 километр масофа буд, поин оварданд.
Маълум шуд, ки марҳум як ҷавондухтари 23-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ будааст.
Дирӯз ҳам хабаре дар ин бора доштем, ки имдодгарон аз ҳамон мавзеъ ҷасади як духтари 16-соларо поин оварда буданд.
Ба назар мерасад ин ду ҳамшираанд, ки ба кадом сабабе кӯҳ рафтаву ҳалок шудаанд.
Дар бораи сабабҳои ин ҳодиса ҳанӯз маълумоти дақиқ дар даст нест. Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Левакант парванда боз кардаву тафтиш мекунад.
Он чи маълум аст, ин ду тан се моҳ пеш бенишон шуда буданду пайвандонашон меҷустанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.