расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » 6 ҚУРБОНӢ… ТАФСИЛОТИ САДАМАИ МАРГБОР ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ – КӮЛОБ

. / Ҷомеа

6 ҚУРБОНӢ… ТАФСИЛОТИ САДАМАИ МАРГБОР ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ – КӮЛОБ


ВКД Тоҷикистон бархе тафсилоти садамаи маргбори шаби якшанбе дар шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб дар ҳудуди деҳаи Суғдиён (собиқ Лақайбегӣ) дар канори шаҳри Ваҳдат ва ҳамчунин номи 6 қурбонии ин садамаро нашр кард. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД, шаби 11 апрел, тахминан соати 20:50, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Худойбердиев Ҷамшедҷон Асоевич, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Норак, дар ҳудуди деҳаи Суғдиёни ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи «КАМАЗ-5320», ки таҳти идораи ронанда, Шарифов Сайдалӣ Сафаралиевич, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Фархор, бархӯрдааст.
“Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Худойбердиев Ҷ.А. ва мусофирони дохили автомашинаи мазкур шаҳрвандон: Зикруллоева Савриниссо, соли таваллудаш 1976, Зикруллоева Зуҳро Азизовна, соли таваллудаш 2015, сокинони шаҳри Кӯлоб, Раҳимов Иброҳим Алихонович, соли таваллудаш 1964, Абдиев Ҳабибулло Бозоралиевич, соли таваллудаш 1978, сокинони ҷамоати деҳоти Балховии ноҳияи Муъминобод ва мусофири дигар, марди тахминан 35-40-сола, шахсияташ номаълум, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, – гуфта мешавад дар гузориши ВКД.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки мошини “Опел” дар Суғдиён ба як “Дулан” бархӯрдааст.
Танҳо дар се рӯзи охир – аз 10 то 12 апрел – бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон дастикам 9 нафар ба ҳалокат расиданд.
Аз ҷумла, рӯзи шанбе, 10 апрел, тахминан соати 16, бар асари бархӯрди ду мошини “Мерседес” дар роҳи Шаҳритӯс  – Дӯстӣ дар ҳудуди ҷамоати ба номи Н. Ниёзови ноҳияи Қубодиён ҳарду ронанда – сокинони 40 ва 29-солаи навоҳии Кӯшониён ва Шаҳритӯс дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, се мусофири ин ду мошин ҷароҳат бардоштанд.
Ҳамин тавр, субҳи 12 апрел, соати 7 бар асари бархӯрди “Газел” бо БМВ дар роҳи ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров  ронандаи 25-солаи БМВ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, як мусофири сабукрав ва ронандаи “Газел” ҷароҳат бардоштаанд.
Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 13 апрели маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳалокати 7 нафар дар ду садамаи нақлиётӣ

Рӯзи 11-уми апрели соли 2021, тахминан соати 20:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Худойбердиев Ҷамшедҷон Асоевич, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Норак, дар ҳудуди деҳаи Суғдиёни ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи «КАМАЗ-5320», ки таҳти идораи ронанда, Шарифов Сайдалӣ Сафаралиевич, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Фархор, бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Худойбердиев Ҷ.А. ва мусофирони дохили автомашинаи мазкур шаҳрвандон: Зикруллоева Савриниссо, соли таваллудаш 1976, Зикруллоева Зуҳро Азизовна, соли таваллудаш 2015, сокинони шаҳри Кӯлоб, Раҳимов Иброҳим Алихонович, соли таваллудаш 1964, Абдиев Ҳабибулло Бозоралиевич, соли таваллудаш 1978, сокинони ҷамоати деҳоти Балховии ноҳияи Муъминобод ва мусофири дигар, марди тахминан 35-40-сола, шахсияташ номаълум, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ҳамчунин, 12-уми апрели соли 2021, тахминан соати 07:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Газел», Рустамов Буво Ёқубҷонович, соли таваллудаш 1962, сокини ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «БМВ», таҳти идораи ронанда, Зоҳидов Амирҷон Аминҷонович, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Ғозиёни ҳамин ноҳия, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ» Зоҳидов А.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, мусофири дохили автомашинаи мазкур Боқиев Султонҷон Маҳмудович, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи Б.Ғафуров ва ронандаи автомашинаи тамғаи «Газел», Рустамов Б.Ё. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Боздошт гардидани ду ҷавон бо гумони дуздии телефонҳои мобилӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 55-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 9-уми апрели соли 2021, тахминан соати 18:50-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба дигар хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи 50-солагии Тоҷикистони ҳамин ноҳия даромада, аз он ҷо 2-адад телефонҳои мобилии тамғаи «Айфон-12” ва “Промакс»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 16 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 25 ва 18-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.