расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Бародари Муродалӣ Алимардонро аз боздошт раҳо кардаанд

. / Ҷомеа

Бародари Муродалӣ Алимардонро аз боздошт раҳо кардаанд


Парда Алимардонов, бародари Муродалӣ Алимардон, раиси пешини Бонки Миллӣ ва ҳоло роҳбари "Агроинвестбонк", аз боздошт раҳо шудааст.
Масъулони Оҷонси мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон моҳи феврали имсол гуфта буданд, ки ӯ 90 миллион сомонӣ қарзи гирифтаашро аз "Агроинвестбонк" "ғайримақсаднок" истифода кардааст. Парда Алимардонов ва наздиконаш ҳангоми дар боздошт будани ӯ ва ҳам баъди раҳоияш дар бораи иттиҳоми воридшуда ба матбуот изҳори назар накарданд.
Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар Оҷонси мубориза бо коррупсия рӯзи 13-уми апрел гуфт, Парда Алимардонов маблағҳои кредити бонкро баргардонд ва, бино бар ин, парванда алайҳи ӯ қатъ карда шуда, аз боздошт раҳо гардид.
Масъулони Оҷонси мубориза бо коррупсия моҳи феврали имсол ҳангоми нишасти хабарӣ гуфта буданд, Алимардонов қисме аз маблағҳоро баргардондааст ва дар сурати пурра додани қарзи бонк, имкон дорад, парвандааш қатъ шавад. Ба зидди ӯ бо иттиҳоми "тасарруфи маблағҳои кредитӣ ба миқдори махсусан калон" (моддаи 246, қисми 3, банди "б"-и Кодекси ҷиноӣ) парванда кушода буданд.
Парда Алимардонов раиси корпоратсияи "Баракат" мебошад. Ин ширкат солҳо боз дар шаҳри Ҳисор дар бахши кишоварзию чорводорӣ фаъолият мебарад.
Мусоҳибони Радиои Озодӣ, ки аз ҷузъиёти қазия огоҳӣ доранд, гуфта буданд, истифодаи "ғайримақсаднок"-и маблағ аз сӯи Парда Алимардонов ба ин маъност, ки ӯ қарзи бонкро тавре харҷ намудааст, ки ба санадҳои бонкӣ мувофиқат намекунад.
Алимардонов танҳо соҳибкоре нест, ки бо гуноҳи тасарруфи маблағҳои қарзӣ боздошт ва ҳамакнун раҳо шуд. Қаблан Ҷамшед Абдулов, раиси ширкати "Олим текстайлз", аз "Тоҷсодиротбонк" 14 миллион доллар қарздор буд ва ду ширкат – "Олими Каримзод" ва "Олим текстайлз" ва як меҳмонхонаро ба ихтиёри ин бонк гузошта, аз боздошт раҳо гардид. Ҳоло, ба гуфтаи наздиконаш, дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб зиндагӣ мекунад.
Додситонии кулли Тоҷикистон моҳи феврали имсол эълон кард, ки Исматулло Ҳаёев, писари собиқ раиси девони вазирони Тоҷикистон Иззатулло Ҳаёев ва раиси ширкати "Хима текстайлз" ва "Корпоратсияи ХИМА", бо ҷурми "тасарруфи маблағҳои кредитӣ" ба 11 сол зиндон маҳкум шуд. Тафтишот ӯ ва се коршарикашро ба тассаруфи 80 миллион сомонӣ қарзи бонк айбдор карданд, вале наздиконаш гуфтанд, бо хулосаи додгоҳ розӣ нестанд.
"Агроинвестбонк" 6 сол инҷониб ба бӯҳрон рӯ ба рӯ аст ва наметавонад беш аз 700 миллион сомонӣ амонати мардумро баргардонад. Мақомоти ин бонк дар гузашта гуфтаанд, барои ислоҳи вазъ ва хидматрасонии муносиб ба муштариён барномаҳои зиёде иҷро мекунанд. Аз ҷумла, ду ҳазор корманди бонкро ихтисор карданд, то харҷ камтар шавад.
Мушкили бонкҳои Тоҷикистон соли 2016 шуруъ шуд ва баъд аз коҳиши пулҳои фиристодаи муҳоҷирон шиддат гирифт. Давлати Тоҷикистон аз бими норизоиятии мардум, ки дар "Агроинвестбонк"-у "Тоҷиксодиротбонк" садҳо миллион сомонӣ пасандоз доранд, бо ихтисос додани беш аз 3 миллиард сомонӣ онҳоро аз вартаи муфлисӣ раҳонд, вале бонкҳои хурде ба мисли "Фононбонк" ва "Тоҷпромбонк" пардохтпазирии худро аз даст дода, фаъолияташон қатъ шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.