расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ПАДАР ДАР ЗИНДОНУ ФАРЗАНДОН САРГАРДОН (ВИДЕО)

. / Ҷомеа

ПАДАР ДАР ЗИНДОНУ ФАРЗАНДОН САРГАРДОН (ВИДЕО)


Ҷамила Салимова ҳамагӣ 33-сол дорад, вале озоби дар ба дарию зиндагии сангин қомати ин ҷавонзани тоҷикро аллакай шикастааст.
анд сарашро ба кадом дар бизанад. Мушкилоти бехонагӣ, андешаи бо кадом роҳ хӯрондану пӯшондани ду фарзанди хурдсол ва ғами шавҳари муҳоҷираш, ки ба Русия мардикорӣ рафта, ба маҳбас афтод, ба саломатии ин ҷавонзани азияткашида бе таъсир намонда, биноии чашмонаш суст шудаанд. Табибон мегӯянд, ки дубора барқарор намудани биноияш ҳеҷ имкон надорад ва чашмонаш оҳиста-оҳиста сафед шуда, вай дигар дунёи равшанро тамоман нахоҳад дид. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, духтарчаи калониаш ҳам мушкилоти хирагии чашм дорад, вале Ҷамила шароити иқтисодӣ надорад, ки фарзандашро табобат намояд. Биёед, алами бехонагӣ ва дарди дили ин ҷавонзани тоҷикро аз забони худаш бишнавем. НАФАРОНЕ, КИ БА ИН ОИЛА КӮМАК КАРДАН МЕХОҲАНД БА РАҚАМИ 988-35-60-17 ЗАНГ ЗАНАНД ВА Ё БА РАҚАМИ КОРТИ ИМОН 637460000000460 КИ БА РАКАМИ ТЕЛЕФОНАШ ПАЙВАСТ АСТ, ХАЙРИЯИ ХУДРО ФИРИСТАНД! подробнее тдж: https://oila.tj/news/padar-dar-zindonu-farzandon-sargardon

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.