расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » МОҶАРОИ МАНИЖА ТО БА КРЕМЛ РАСИД.

. / Ҷомеа

МОҶАРОИ МАНИЖА ТО БА КРЕМЛ РАСИД.

Манижаи Сангин-ин тоҷикдухтари боистеъдод, ки рақибонашро бо як нӯл зада, ба озмуни баландпояи “Евровидение” роҳ ёфт, кишвари бузургеро чун Россия ба шӯру шар овардааст. Муддати як моҳ мешавад, ки тамоми шабкаҳои иҷтимоӣ, матбуот ва радиову телевизион қариб, ки ҳамарӯза дар бораи ин сарояндаи ҷавон ва сурудаш мегӯянд. Оташи ҳангомаҳо дар атрофи номи Манижаи Сангин ва иштирокаш дар “Евровидение” бисёр баланд ва сӯзон аст. Ҳайратовар аст, ки чи хел то имрӯз устухонҳои нозуки ин сарояндаи тоҷиктабори Русия дар деги оташини ғайбат обу адо нашудаат. Андешаҳо дар боби Манижа ва ҳунараш гуногунанд. Гурӯҳе аз санъати ин духтараки ҷавон, ки дар саҳна мушкилоти ҳаёти занонро далерона тараннум менамояд, ба ваҷд омада, ба ӯ таҳсину офарин мехонанд, аммо бархи дигар, аз ҷумла чандин нафар шахсиятҳои шинохтаи ин кишвар аз қабили оҳангсозон, шоирон ва сарояндагони машҳури рус суруди "Русская женщина”-и Манижаи Сангинро ҳамчун таҳқири ошкоро зани рус арзёбӣ намуда, талаб карданд, ки масъалаи ҳамчун намояндаи Россия ба озмуни “Евровидение” фиристода шудани ин сарояндаи решаҳои бегона дошта бозбинӣ шавад. Сиёсатмадорони рус низ дар набард ба муқобили тоҷикдухтаре, ки Русияро дар чунин як озмуни баландпоя муаррифӣ хоҳад кард, барканор намонданд, аз ҷумла Валентина Матвиенко Манижаи Сангин ва таронаи озмунии ӯро зери тозиёнаи танқид гирифта, аз шабакаи аввали телевизиони Россия “хоҳиш” кард, ки дар бораи чӣ тавр ба ин озмун роҳ ёфтани ин сароянда, ки чи суруданаш маълум нест, маълумоти пурра диҳанд. “Касе, ки бо матни ин суруд шинос нест, тавсия медиҳам, ки як бор бубинад. Давутози як тӯда ким-чихел одам-аспҳо ва сафсатаи бисёр. Ман умуман нафаҳмидам, ки ин суруд дар бораи чист” -гуфтааст Матвиенко. Масъалаи Манижа ва боздиди мазмуну мундариҷаи суруди озмунии ин сарояндаи ҷавонро сенатор Елена Афанасьева бардошта, таронаро комилан бемаънӣ ва як рақси нофаҳмои афроамрикоӣ номидааст. Дар идомаи суханаш сенатор таъкид карда буд, ки ба кадом арзишҳо арҷ гузоштани Манижа, ки Россияро дар “Евровидение” муаррифӣ хоҳад кард, муайян карда шаванд... “Евровидение превратилось в конкурс для людей "с некими пристрастиями". Людям с хорошими вокальными данными и песнями, наполненными смыслами, туда уже дорога практически закрыта", - аз танқиди Манижаи Сангин ба интиқоди худи озмун гузашта, бо асабоният гуфт сенатор. Интизор мерафт, ки эҳтимол баъди чунин вокунишҳои шадиди мансабдорон нисбати Манижаи Сангин ва таронаи озмуниаш масъалаи иштироки ин сарояндаи тоҷиктабор ба ҳайси намояндаи Россия дар озмуни баландпояи “Евровидение” бозбинӣ мешавад, вале... Изҳороти расмии шабакаи аввали телевизиони Русия дар бораи он ки озмун шафоф гузашта, дар ҳақиқат ба ҷонибдории Манижаи Сангин аксари мардум овоз доданд, ба манфиати ин сарояндаи ҷавон гашт. Дмитрий Песков, котиби матбуотии президенти Русия дар робита бо мавзӯи иштироки Манижаи Сангин дар озмуни “Евровидение-2021” гуфтааст: “Это конкурс шоу-бизнеса, на котором представляются разные образы. Там выступают бородатые женщины, певицы в нарядах куриц и тому подобное. Мы не считаем это нашей заботой и предметом внимания. Котиби матбуотии президенти Русия таъкид намудааст, ки Манижаи Сангин бо роҳи овоздиҳӣ ба ин озмун роҳхат гирифтааст ва Кремл ба ин масъала дахолат нахоҳад кард. Фирӯза Сатторӣ Манбаъ: Спутник подробнее тдж: https://oila.tj/news/moaroi-manizha-to-ba-kreml-rasid 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.