расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ШАБНАМУ ҶОНИБЕК ЧАРО ХАЙР НАМЕКУНАНД?

. / Ҷомеа

ШАБНАМУ ҶОНИБЕК ЧАРО ХАЙР НАМЕКУНАНД?

Ассалому алайкум кормандони азизи «Оила»! Ман ҳизматчӣ мебошам ва ҳамеша бо ҳавас ин сомонаро мутолиа мекунам. Дар саҳифаи "шоу бизнес" мақолаҳои зиёде оиди ҳаёти ситораҳои тоҷик нашр мегардад, ки ҷолиби диққатанд.
Дар кадом саҳифае хондам, ки дар куҷое ба Шабнами Сурайё калиди мошинро тӯҳфа кардаанду оилаи Ҷонибек Муродов дар лаби ким кадом баҳр барои зодрӯзи Ҷӯрабек Муродовро ҷашн гирифтан ба Олмон паридаанд. Ба фикри ман нархи чиптаҳо ба Олмон хеле гарон аст, хусусан барои чанд нафар. Шабнам як дам дар Арабаистону дами дигар дар Ӯзбекистону Маскав дар гирди тарабхонаҳои калонтарини кишварҳои абарқудрат менишанад. Ман ба Ҷонибеку Шабнам чунин савол дорам: Оё Ҷонибек Муродов ва Шабнами Сурайё аз пули аз сафарҳои хориҷӣ коркардаашон ба ягон ятимхона, хонаи бепарасторон ва ё маъюбону кӯдакони ноқисулақл хайр кардаанд? Ин корро ҳама ситораҳо мекунанд. Дар Ҳиндустон Амриш Пури сағерхонаи худро дошту дар Амрико Майкл Ҷексон ба бепарасторон кӯмак мекард. Шод мегаштем, агар дар ҳафтанома дар бораи иқдоми неки ин ё он ситораи тоҷик мақолаеро мутолиа менамудем. Агар ситораҳои сарватманд дасти ятимаконро бигиранду барои дар донишгоҳҳо хондани бепарасторон ёрӣ расонанд, ҳам ба Худо хуш меояду ҳам ба бандагонаш! Дилангез, ш. Панҷакент подробнее тдж: https://oila.tj/news/shabnamu-onibek-charo-khayr-namekunand

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.